Имрӯз, 28.02.2023 тибқи нақшаи кории бахши кор бо ҷавонон ва варзиши шаҳр дар ҳамкорӣ бо шуъбаи рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеаи дастгоҳи Раиси шаҳр дар муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №2-и Ҷамоати шаҳраки Чоруқдаррони шаҳри Гулистон ҷиҳати иҷрои нақшаи чорабиниҳои Стратегияи муқовимат ба экстремизм ва терроризм дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021-2025 бо иштироки ҷавонони 14-17 сола ва волидайни онҳо вохӯрӣ баргузор карда шуд.
Дар вохӯрии мазкур Фаридуншоҳ Абдуллоев, мудири шуъбаи рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеаи дастгоҳи Раиси шаҳр, Аҳлиддин Абдураҳмонов мудири бахши кор бо ҷавонон ва варзиши шаҳр, Наргиза Бердиева раиси ҷамоати шаҳрак иштирок ва суханронӣ намуданд.
Зикр карда шуд, ки ҷиҳати пешгирии падидаҳои номатлуби экстремизм ва терроризм Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи Стратегияи муқовимат ба экстремизм ва терроризм дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021-2025” аз 1 июни соли 2021, №187 ба тасвиб расида, дар ин замина қарори Раиси вилояти Суғд аз 17 октябри соли 2021, №485 ва қарори Раиси шаҳри Гулистон аз 18 ноябри соли 2021, №287 ба тасвиб расидааст.
Мақолаҳои боқимонда...
- Аёдати собиқадорон ва модарони фарзандгумкарда ба муносибати Рӯзи Қувваҳои Мусаллаҳ
- ҚУВВАҲОИ МУСАЛЛАҲИ КИШВАР ҲОМИИ МАРЗУ БУМИ ВАТАН - аёдати сарбозони қисми ҳарбии 45025-и Кумитаи Ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Суғд
- ЭМОМАЛӢ РАҲМОН – БУНЁДГУЗОРИ ҚУВВАҲОИ МУСАЛЛАҲИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН






Дар доираи корҳои ободонию бунёдкорӣ ба истиқболи Иди байналмилалии Наврӯз дар кӯчаву хиёбонҳои шаҳрҳои Хуҷанд ва Гулистон ниҳолҳои ороишию ҳамешасабз шинонида шуд.
Санаи 24.02.2023 дар асоси нақшаи чорабиниҳои асосии вилояти Суғд оид ба масъалаҳои мудофиаи гражданӣ, пешгири эътино ва рафъи оқибатҳои ҳолатҳои фавқулода барои соли 2023, ки бо қарори Раиси вилояти Суғд аз 6.01. 2023, №11 ва қарори Раиси шаҳри Гулистон аз 21.02.2023, №47 санаи 24 феврали соли ҷорӣ дар шаҳри гулистон тамриноти ситоди мудофиаи гражданӣ дар мавзуи “Амали ҳайати роҳбарикунанда ва қувваю воситаҳои мудофиаи гражданӣ дар шаҳри Гулистон ҳангоми ба амал омадани ҳолатҳои фавқуллодаи дорои хусусияти табиӣ дошта ва бартараф намудани оқибатҳои он” баргузор карда шуд.
Имрӯз, 24.02.2023 бо ибтикори мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд дар шаҳри Хуҷанд ярмарка-фурўши ниҳол ва кўчату тухмии гулу зироатҳо гузаронида шуд ва беш аз 1 миллион бех ниҳолҳои гуногун ва гулу буттаҳои ороишӣ пешниҳоди сокинон гардид.
23 феврал дар Кохи Борбад Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Сарфармондеҳи Олии Қувваҳои Мусаллаҳи мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ҷамъомади тантанавӣ ба ифтихори 30-солагии таъсиси Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон иштирок ва суханронӣ карданд.













