14 март дар тарабхонаи "Яккасарой"-и шаҳри Хуҷанд даври вилоятии озмуни ҷумҳуриявии "Кадбонуи беҳтарин" баргузор гардид. Озмуни мазкур бо мақсади таъмини иҷрои Амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 3 январи соли 2023, №АП-318, дастуру супоришҳои Роҳбари Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 4 январи соли 2023, №24/10-8 ва қарори Раиси вилояти Суғд аз 24 феврали соли 2023, № 58 «Дар бораи ташкил ва баргузор кардани Озмуни вилоятии «Кадбонуи беҳтарин» доир гардид.
Ҳадафи озмуни мазкур тарғиб, эҳё ва ҳифзу нигоҳдошти беҳтарин суннатҳои миллии ниёгон дар самти омода намудани таомҳои миллӣ, хуришҳои болаззат, баланд бардоштани завқи кадбонугӣ ва ҳунари дастархонороӣ, омода намудани духтарон ба ҳаёти мустақилона маҳсуб меёбад.
Боиси хушнудист, ки кадбонуи беҳтарини шаҳри Гулистон Наргиза Бердиева аз рӯйи номминатсияи "Тайёр намудани хӯришҳои беҳтарин " мақоми аввалро ишғол намуда бо дипломи дараҷаи 1 қадрдонӣ гардид.






Муҳтарам кормандони мақомоти Прокуратураи шаҳр!
13 март Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ бо бардоштани парда аз рӯйи лавҳаи рамзӣ бинои нави маъмурии Нозироти андоз дар ноҳияи Синои шаҳри Душанберо мавриди истифода қарор доданд.
13 март Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ дар ноҳияи Фирдавсии пойтахт Муассисаи таҳсилоти умумии ғайридавлатии «Мактаби ҷаҳон» (Global school)-ро дар вазъияти тантанавӣ ба истифода доданд.
Имрӯз, 13.03.2023 дар тарабхонаи «Соҳил»-и маркази шаҳри озмуни шаҳрии «Кадбонуи беҳтарин» бо иштироки муассисаву ташкилотҳо баргузор гардид.
















