Бо мақсади иҷрои дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ҷиҳати баланд бардоштани тафаккур ва қобилияти зеҳнии ҷавонону наврасон, дар шаҳри Гулистон тадбирҳои зарурӣ ва муассир андешида шудааст.
Дар ҳамин замина нақшаи чорабиниҳои Бахши кор бо ҷавонон ва варзиши шаҳр бо фаргири тамоми муассисаҳои таълимии маркази шаҳр ва ҷамоати шаҳракҳои тобеияти шаҳр, таҳия ва тасдиқ гардида, мавриди корбари қарор гирифтааст. Бо ҳамин мақсад, дар ҷамоати шаҳраки Чоруқдаррон байни наврасону ҷавонон ва сокинони синну соли гуногун мусобиқа, аз рӯйи намуди варзишӣ зеҳнии "Шашка ва шоҳмотбозӣ беҳтарин", ташкил ва баргузор карда шуд. Ҳамчунин, дар назар аст, ки чунин мусобиқаҳо дар миқёси шаҳр бо ҷалб ва фарогирии ҳарчи бештари наврасону ҷавонон ва сокикони шаҳр баргузор карда шаванд. Ҳадаф аз баргузории чунин мусобиқаҳо пеш аз ҳама ин баланд бардоштани тафаккур ва қобилияти зеҳнии ҷавонону наврасон, дарёфти чеҳраҳои нави варзиш, дар соҳаи шашка ва шоҳмот, таъсис додани дастаҳои шаҳр барои иштирок дар мусобиқаҳои сатҳи вилоятиву ҷумҳуриявӣ ва пешгирии шомилшавии ҷавонону наврасон ба ҳаргуна ҳизбу ҳаракатҳои мамнуъи тундрав маҳсуб ёфта, дар ин баробар омода намудани ҷавонону наврасон барои иштирок, дар давраҳои минбаъдаи мусобиқаи ҷумҳуриявӣ барои дарёфти Ҷоми Пешвои миллат мебошад.






Санаи 02.03.2023 тибқи нақшаи кории муштараки бахши кор бо ҷавонон ва варзиши шаҳр дар ҳамкорӣ бо шуъбаи рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеаи дастгоҳи Раиси шаҳр дар муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №12-и деҳаи Зарчашмаи, ҷамоати шаҳраки Адрасмони шаҳри Гулистон ҷиҳати иҷрои нақшаи чорабиниҳои Стратегияи муқовимат ба экстремизм ва терроризм дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021-2025 бо иштироки ҷавонони 14-17 сола ва волидайни онҳо вохӯрӣ баргузор карда шуд.
2 март дар Қасри миллат Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо Раиси Ҳукумати Федератсияи Русия муҳтарам Михаил Мишустин, ки ба шаҳри Душанбе ташриф оварданд, мулоқот карданд.
ФАРМОНИ
28 феврал таҳти раёсати Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси Ҳукумати мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон маҷлиси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид.
















