Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода дар шаҳри Гулистон собиқадорони меҳнатро аёдат карда, фарорасии Рӯзи Модарро табрик намуд.
суҳбат бо собиқадорони меҳнат Малоҳат Пулотова ва Санавбар Нуруллоева Раиси вилоят иброз дошт, ки бузургдошти Рўзи Модар дар кишвар аз таваҷҷўҳи пайвастаи давлату Ҳукумат ва арҷгузорӣ ба занону модарон аст. Дар фарҳангу тамаддун ва анъанаву суннатҳои халқу миллатҳои гуногуни ҷаҳон хираду заковат ва бузургии зан-модар ҳамчун олиҳаи покиву садоқат, нигаҳдорандаи чароғи хонадон, мураббии ғамхору меҳрубон ва ҳидоятгари некиву накўкорӣ бо меҳру муҳаббат ситоиш ёфтааст.
Раиси вилоят аз номи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон собиқадоронро таҳният гуфта, ба онҳо туҳфаҳои идона супорид.
Мақолаҳои боқимонда...
- ҶАМЪБАСТӢ МУСОБИҚАИ НАМУДИ ВАРЗИШӢ ЗЕҲНИИ "ШАШКА ВА ШОҲМОТБОЗИ БЕҲТАРИН", БАЙНИ НАВРАСОНУ ҶАВОНОН ВА СОКИНОНИ КАСБУ КОРИ ГУНОГУН, ДАР ҶАМОАТИ ШАҲРАКИ ЧОРУҚДАРРОНИ ШАҲРИ ГУЛИСТОН
- Хониши сиёсӣ ҷиҳати иҷрои нақшаи чорабиниҳои “Стратегияи муқовимат ба экстремизм ва терроризм дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021-2025”
- Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо Раиси Ҳукумати Федератсияи Русия Михаил Мишустин мулоқот намуданд






Дар шаҳри Гулистон оид иҷрои саривақтии дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, доир ба омавигардонии варзиш ва тарзи ҳаёти солим тадбирҳои муассир мунтазам андешида шудаистодааст. Дар ҳамин замина нақшаи чорабиниҳои бахши кор бо ҷавонон ва варзиш, бо тасдиқи Раиси шаҳр ба тавсиб расидааст.
Санаи 04.03.2023 дар Ҷамоати шаҳраки Консойи шаҳри Гулистон чорабинии идона бахшида ба Рӯзи Модар бо иштироки бонувони фаъол ва собиқадорзанони шаҳрак баргузор карда шуд.
Санаи 03.03.2023 тибқи нақшаи тасдиқгардидаи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят ва шаҳр дар доираи баргузории чорабиниҳо бахшида ба 111-солагии Рӯзи матбуоти тоҷик дар толори МД "Маркази таҳсилоти иловагӣ"-и шаҳри Гулистон бо хонандагони муассисаҳои таълимӣ вохӯрӣ баргузор гардид.
Дар шаҳри Гулистон оид ба иҷрои саривақтии дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон доир ба омавигардонии варзиш ва тарзи ҳаёти солим тадбирҳои муассир андешида шуда истодааст.
















