Боиси ифтихор аст, ки унсурҳои деринаи ҷашни Наврӯз ба шакли зинда то ҳанӯз дар сарзамини тоҷик чун фарҳанги мардумӣ, ба шакли беолоиш вуҷуд доранд. Ба истилоҳи баъзе аз фарҳангшиносон «иморати хештаншиносии тоҷикон ду шоҳсутун дорад: яке забон ва дигаре ҷашнҳои аҷдодии Наврӯз, Меҳргон, Тиргон ва ҷашни Сада”.
Имрӯз, 20 марти соли 2023 дар Ҷамоати шаҳраки Консойи шаҳри Гулистон бо ташаббуси ҶМТКММ “Апрелевка”, ҷамоати шаҳрак, ташкилоту муассисаҳои шаҳрак ба ҳам омада, ҷашни Наврӯзро барпо намуданд.
Дар тантанаи таҷлили ҷашни Наврӯз Раиси шаҳр Раъно Ҳошимзода бевосита иштирок намуда, аз омодагӣ ва таҷлили бошукӯҳи Ҷашни Наврӯз изҳори қаноатмандӣ намуд.






Ҳамшаҳриёни гиромӣ!
Ҳамватанони азиз!
Имрӯз, 18.03.2023 дар муассисаи ғайридавлатии коллеҷи тибии шаҳри Гулистон чорабинии идона бахшида ба Иди байналмилалии Наврӯз баргузор карда шуд.
Имрӯз 16.03.2023 дар коллеҷи тиббии шаҳри Гулистон дар асоси дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, нақшаи тасдиқгардидаи бахши кор бо ҷавонон ва варзиши шаҳр дар якҷоягӣ бо филиали Иттифоқи ҷавонони Тоҷикистон дар вилояти Суғд маҳфили илмӣ-амалӣ ташкил ва баргузор карда шуд.
















