Ҳамшаҳриёни гиромӣ!
Ба муносибати Иди саиди суннатӣ, тамоми сокинони шаҳри Гулистонро самимона табрик гуфта, ба хонадони Шумо оромиву осоиш, рӯзгори обод ва файзу баракат орзу менамоям.
Тавассути сиёсати оқилона ва дурбинонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар солҳои Истиқлолияти давлатӣ мо ба дастовардҳои калони меҳнатӣ ноил гашта, рӯҳияи созандагӣ ва бунёдкории мардум ҳамарӯза вусъат гирифта, боварии мардум ба фардои неку дурахшон қавӣ ва устувор мебошад.
Имрӯзҳо дар ҳудуди шаҳри мо корҳои бунёдкоронаву созандагӣ ба истиқболи 35-умин солгарди Истиқлолияти давлатӣ баҳри тақвияти корҳои ободонӣ, беҳдошти вазъи зиндагии мардум, пешбурди соҳаҳои хоҷагии халқ тадбирҳои зиёд амалӣ карда мешаванд.






Дар доираи дастуру супоришҳои Асосогузори сулҳу Ваҳдати миллӣ, Пешвои милллат Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон санаи 8 июли соли 2022 Раиси шаҳри Гулистон Раъно Ҳошимзода ба муносибати иди саиди Қурбон ва Рӯзи маъюбон" дар якчанд собиқадорони меҳнат ва маъюбонро аёдат намуд.
Имрӯз, 8 июли соли 2022, дар толори Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Гулистон маҷлиси фаъолони шаҳр доир гардид, ки дар он натиҷаҳои фаъолияти соҳаҳои хоҷагии халқи шаҳр дар шаш моҳи соли 2022 мавриди таҳлилу баррасӣ қарор дода шуд.
Ҳамватанони гиромӣ!
Санаи 07.07.2022 дар шаҳри Гулистон аз ҷониби шуъбаи Агентии меҳнат ва шуғли аҳолӣ ярмаркаи ҷойҳои холии корӣ гузаронида шуд.














