Санаи 20-уми декабри соли 2022 дар асоси нақшаи баргузории силсилаи мулоқоту вохўриҳо дар самти амалисозии татбиқи сиёсати давлатии ҷавонон ва хониши сиёсӣ таҳти унвони пешгирии шомилшавии ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои тундрав, ҷалби ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ, пешгирии таълимоти ғайриқонунии динӣ, баланд бардоштани маърифати ҳуқуқи ва пешгирии омилҳои коррупсиони ҷавонону ва манфиатҳои миллӣ, дар МТМУ №6-и ҷамоати шаҳраки Зарнисори шаҳри Гулистон бо ҷавонони синни 14-18 сола вохӯрӣ баргузор карда шуд.
Дар вохӯрии мазкур Аҳлиддин Абдураҳмонов мудири бахши кор бо ҷавонон ва варзиши шаҳр иштирок ва суханронӣ намуд.
Дар вохўрӣ бо ҷавонон оид ба нақши Иҷлосияи тақдирсоз дар барқарорсозии давлатдории миллӣ, пешгирии шомилшавии ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои терористиву экстромистӣ, бегонапарастӣ, аз даст надодани зиракии сиёсӣ, пешгирии омилҳои коррупсиони ва таълиму тарбияи ҳуқуқи шаҳрвандон ибрози назар карда шуда, ҳамзамон оид ба дастгириҳои давлатии ҷавонон, суханронӣ карда шуд.






Дар шаҳри Гулистон оид ба иҷрои саривақтии дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон доир ба омавигардонии варзиш ва тарзи ҳаёти солим тадбирҳои муассир андешида шудаистодааст.
Имрӯз, 21 декабри соли 2022 дар толори Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Гулистон Иҷлосияи дувоздаҳуми Маҷлиси вакилони халқи шаҳр, даъвати шашум доир гардид.
Имрӯз Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ бинои шуъбаи дар ноҳияи Сино будаи Раёсати Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Душанберо мавриди истифода қарор доданд














