Дар пайравӣ аз сиёсати инсондӯстонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва ба муносибати Иди Қурбон Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода дар шаҳри Гулистон собиқадорони меҳнатро аёдат намуд.
Раиси вилоят ба манзили Анвар Отаев, собиқадори соҳаи геология (кӯҳкорӣ) ва Абдусамад Артукбаев, собиқадори соҳаи маориф ташриф оварда, ба онҳо сиҳату саломатӣ, рўзгори тинҷу осуда, дастархони пурфайзу баракат ва хотирҷамъию саодати зиндагӣ орзу намуд.
Таъкид карда шуд, ки фаъолияти пурсамари собиқадорон ҳамеша аз ҷониби давлат қадр гардида, кору пайкори шахсиятҳое, ки умри худро барои пешрафти ҷомеа бахшидаанд, намунаи ибрат ба наврасону ҷавонон аст.






АМРИ
Дирӯз Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо Президенти Ҷумҳурии Узбекистон муҳтарам Шавкат Мирзиёев суҳбати телефонӣ анҷом доданд.
Дар Ҷамоати шаҳраки Адрасмон баҳри иҷрои дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо мақсади вусъат бахшидан ба корҳои созандагиву бунёдкорӣ, ободонию созандагии маҳалли зист ва сазовор пешвоз гирифтани 35-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон диққати ҷиддӣ дода шуда, корҳо дар самти мазкур идома дорад.
Дар асоси нақшаи тасдиқгардидаи Филиали Иттифоқи ҷавонони Тоҷикистон дар шаҳри Гулистон, имрӯз 04.07.2022, ба ифтихорӣ сазовор таҷлил намудани 30-солагии Иҷлосияи 16-уми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, 35-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, пешгирии тероризму экстромизм ва тақвият бахшидани фаъолияти филиали Иттифоқи ҷавонони Тоҷикистон дар шаҳр, дар толори бинои Маркази таҳсилоти иловагӣ бо кормандон ва фаъолони соҳаи маорифи шаҳр хониши сиёсӣ дар мавзуи "Нақши Иҷлосияи 16-уми Шӯрои Олӣ дар барқарорсозии сохти Конститутсионӣ", пешгирии терроризму экстремизм ташкил ва баргузор карда шуд.














