
20 декабр Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ дар кӯчаи Зебунисои ноҳияи Шоҳмансури пойтахт Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «Қолинҳои Душанбе»-ро мавриди истифода қарор доданд.
Корхонаи азими қолинбофӣ ба ифтихори 35-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Солҳои рушди саноат (2022-2026) аз тарафи соҳибкори ватанӣ Наврӯз Абдуллоев бунёд гардидааст. Бо таъсис ва ба фаъолият оғоз намудани корхонаи нави истеҳсолӣ 500 нафар бо ҷои кор ва маоши хуб таъмин гардиданд. Фаъолияти корхонаи нави саноатӣ дар ду баст ба роҳ монда шуда, теъдоди зиёди кормандонро занону духтарони маҳаллӣ ташкил медиҳанд.
Ба Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иттилоъ дода шуд, ки дар корхонаи нави саноатӣ дар як шабонарӯз 4 ҳазору 500 метри мураббаъ қолин бо шаклу андозаҳои гуногун, нақшу нигор ва тарҳи милливу аврупоӣ истеҳсол карда мешавад. Иқтидори солонаи корхона 1 миллиону 500 ҳазор метри мураббаъ қолинро дар бар мегирад.






Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Гулистон Шуморо самимона ба ифтихори 35-умин солгарди мавлуди муборакатон табрику таҳният намуда, бароятон тансиҳатӣ, бахту иқболи нек ва дар фаъолияти пурсамари меҳнатиатон, ки ба рушду нумуи кишвари азизамон равона гардидааст комёбиҳо таманно менамояд.
Имрӯз, 18.12.2022 дар назди бинои шуъбаи маорифи шаҳр иштирокчиёни даври ҷумҳуриявии "Фурӯғи субҳи доноӣ"-ро ки бо дастовардҳои назаррас баргаштанд роҳбарияти шаҳр, аҳли зиё - омӯзгорону хонандагон ва волидон самимӣ истиқбол намуданд.
Иштирокчиёни шаҳри Гулистон дар даври ниҳоии озмуни ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» соҳиби 2 мақоми сеюм ва 2 ҷойи ифтихорӣ гардиданд
Имрӯз, 15.12.2022 дар толори КИ ҲХДТ дар шаҳри Гулистон тибқи нақшаи тасдиқгардидаи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд ва Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар вилояти Суғд вобаста ба пешгирии падидаҳои номатлуб, пешгирии гаравиши ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои тундгаро, тавзеҳи мавқеи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳалли масоили марзӣ ва ҳамзистии осоишта дар ҷомеа вохӯрӣ доир карда шуд.














