
26 декабр Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар вохӯрии ғайрирасмии сарони давлатҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил, ки дар шаҳри Санкт-Петербурги Федератсияи Россия баргузор гардид, иштирок намуданд.
Дар ҷараёни мулоқот сарони давлатҳо оид ба масъалаҳои таҳкими минбаъдаи ҳамкории гуногунҷанбаи давлатҳои аъзои Иттиҳод мубодилаи афкор карда, масоили марбут ба вазъи ҳамкории минтақавӣ ва байналмилалии мавриди таваҷҷуҳи тарафайнро баррасӣ намуданд.






Ба муносибати фарорасии Соли нави мелодии 2023 Раиси шаҳри Гулистон Раъно Ҳошимзода дар партави сиёсати инсонпарваронаи Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон собиқадорони меҳнат ва шахсони дорои имконияташон маҳдудро аёдат намуд.
Имрӯз, 26.12.2022 дар тарабхонаи “Манижа” ба муносибати фарорасии Соли нави мелодии 2023 барои 150 нафар кӯдакони ятими кул, нимятим ва дорои имконияти маҳдуди ҷисмонӣ бо дастгирии соҳибкори маҳаллӣ дастархони идона ороста шуд.
Имрӯз, 26.12.2022 бо ташаббуси мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр ба муносибати қабул гардидани қатънома доир ба эъон гардидани соли 2025 "Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо" аз ҷониби Созмони Милали Муттаҳид дар шаҳр бо иштироки кормандони соҳаҳои хоҷагии халқи шаҳр аз ҷумла маориф, тандурустӣ, фарҳанг, ҷамоати шаҳракҳо, коллеҷи тиббӣ, корхонаҳои саноатӣ ва дигар соҳаҳо роҳпаймоӣ ва ҳамоиши идона баргузор карда шуд.















