
1 сентябр Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ дар ноҳияи Синои пойтахт Муассисаи таълимии хусусии «Мактаби муосири байналмилалӣ»-ро ба истифода доданд.
Муассисаи муосири таълимӣ дар доираи дастуру ҳидоятҳои Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо иқдоми шахси саховатпешаи ватанӣ бо тарҳи муосир ва ҷавобгӯ ба меъёрҳои байналмилалӣ барои 640 нафар хонанда дар як баст бунёд ёфтааст.
Корҳои сохтмонӣ дар иншоот соли 2021 дар асоси Қарори Раиси шаҳри Душанбе оғоз гардида, бо ҷалби мутахассисону муҳандисони дохилӣ бо сатҳу сифати баланд ба анҷом расонда шуд. Дар рафти корҳои сохтмонӣ 250 нафар бо ҷойи кор ва маоши баланд таъмин шуданд.
Мақолаҳои боқимонда...
- Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон барои сохтмони бинои филиали Донишкадаи рушди менеҷменти Сингапур дар шаҳри Душанбе санги асос гузоштанд
- Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Синои шаҳри Душанбе Муассисаи давлатии таълимии «Литсейи Умари Хайём»-ро ба истифода доданд
- Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Шоҳмансури пойтахт бинои иловагии Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии рақами 48-ро ифтитоҳ намуданд






1 сентябр Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон чун анъанаи накӯ дар Рӯзи дониш ва дарси сулҳ дар бинои нави Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абӯалӣ ибни Сино суханронӣ карданд.
1 сентябр Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ дар Рӯзи дониш ва Дарси сулҳ бо бардоштани парда аз рӯйи лавҳаи рамзӣ бинои нави марказӣ ва таълимии Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абуалӣ ибни Синоро мавриди истифода қарор доданд.
Муҳтарам омӯзгорон!
















