Имрӯз, 12 майи соли 2022 иҷрокунандаи вазифаи раиси шаҳри Гулистон Раъно Ҳошимзода аз вазъи муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №1-и маркази шаҳр дидан намуд.
Ҳангоми боздид аз шароити таҳсил дар муассисаи таълимӣ ба сатҳу сифати дониши хонандагон, малакаи омӯзгорон ва вазъи синфхонаҳои фаннӣ таваҷҷуҳ намуда, ба омӯзгорон барои тайёр намудани хонандагон ба озмунҳои вилоятиву ҷумҳуриявӣ супоришҳои мушаххас дода шуд.
Ҳамзамон таъкид карда шуд, ки яке аз самтҳои асосии фаъолияти таълимии омӯзгорон тайёр намудани шогирдон дар озмунҳо маҳсуб меёбад. Озмунҳо дараҷаи тафаккур ва рушди қобилияти зеҳнии хонандагонро инкишоф дода, ҷаҳонбинии онҳоро васеъ мегардонад.






Вохӯрии Раъно Ҳошимзода номзад ба вакилии Маҷлиси вакилони халқи вилояти Суғд аз ҳавзаи интихоботии “Қайроққум” №15 бо интихобкунандагон дар шаҳри Гулистон
Аз 12 майи соли 2000 шурӯъ намуда, бо дастури Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамасола дар кишвар12 май ҳамчун Рӯзи шашмақом таҷлил карда мешавад.
Имрӯз, 9 май пас аз таҷлили Рӯзи Ғалаба дар шаҳри Гулистон бо иштироки намояндаи вилояти Суғд, Ғайбулло Муҳиддинов ва иҷрокунандаи вазифаи раиси шаҳри Гулистон Раъно Ҳошимзода аёдати иштирокчиёни ақибгоҳ дар Ҷанги Бузурги Ватанӣ Қурбоной Раҷабова ва София Атоева сурат гирифт.
Субҳи имрӯз, 09.05.2022 дар Муассисаи давлатии Боғи фароғатӣ-фарҳангии “Темурмалик”-и шаҳри Гулистон ба ифтихори 77-солагии Рӯзи Ғалаба дар Ҷанги Бузурги Ватании солҳои 1941-1945 чорабинии умумишаҳрӣ дар пояи муҷассамаи «Ёдбуд» бо иштироки заҳматкашони ақибгоҳ, ҷанговарони интернатсионалист, муҳофизони сохти конститутсионӣ, чернобилчиён, сокинони маркази шаҳр, намояндагони ҷамоати шаҳракҳо, корхонаву муассисаҳо, ташкилотҳо ва меҳмонон ба вуқӯъ пайваст.















