Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Данғара аз Кооперативи истеҳсолии «Сомонҷон» боздид карданд
Дар ноҳияи Данғара Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо ҷараёни парвариш ва нашъунамои зироати кишоварзӣ дар Кооперативи истеҳсолии “Сомонҷон” шинос шуданд.
Мавриди зикр аст, ки Кооперативи истеҳсолии “Сомонҷон” серсоҳа буда, хоҷагидорон бо истифода аз оби фаровону замини ҳосилхез ва риояи меъёрҳои агротехникӣ ба кишту парвариши сабзавоту полезӣ, ғалладона, зироати техникӣ ва боғу токзор машғул мебошанд.
Ба Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иттилоъ доданд, ки дар Кооперативи истеҳсолии “Сомонҷон” дар 500 гектар гандум, 100 гектар ҷав, 150 гектар пахта, 150 гектар сабзавоту полезӣ ва дар 120 гектар ҷуворимаккаи дон кишт карда шудааст, ки ҳоло маҳсулоти кишоварзӣ нашъунамои хуб дошта, аҳли заҳмат нақша доранд ҳосили фаровон рӯёнанд.






28 апрел Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар деҳаи Офтобрӯяи деҳоти Лолазори ноҳияи Данғара Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №80-ро мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд.
28 апрел Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳраки Данғараи ноҳияи Данғара Боғи фарҳангию фароғатиро расман ифтитоҳ намуда, бо шароити он шинос шуданд.
Имрӯз, 28.04.2022 дар толори хурди Мақомоти иҷрияи ҳокимияти давлатии шаҳр иҷрокунандаи вазифаи раиси шаҳри Гулистон Раъно Ҳошимзода бо соҳибкорону тоҷирони шаҳр мулоқот доир намуд. Дар мулоқоти мазкур роҳбари дастгоҳи Раиси шаҳр, мудирони шуъбаву бахшҳо, роҳбарони воҳидҳои сохторӣ ва соҳибкорону тоҷирон иштирок доштанд.
28 апрел Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо сафари корӣ ба ноҳияи Данғара ташриф оварданд.













