9 май Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо мақсади иштирок дар ҷамъомади тантанавӣ ба ифтихори 77-солагии Рӯзи Ғалаба дар Ҷанги Бузурги Ватании солҳои 1941-1945 ба «Боғи Ғалаба»-и пойтахт ташриф оварданд.
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Сарфармондеҳи Олии Қувваҳои мусаллаҳи кишвар, Генерали Артиш муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ ва Вазири мудофиаи ҷумҳурӣ Шералӣ Мирзо истиқбол гирифтанд.
Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба поси хотираи афсарону сарбозон ва ҳамаи онҳое, ки ҷони худро дар Ҷанги Бузурги Ватанӣ нисор кардаанд, дар назди «Оташи ҷовидон» гулчанбар гузоштанд.
Мақолаҳои боқимонда...
- МУЛОҚОТ БО ИНТИБХОБКУНАНДАГОН
- Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо Президенти Ҷумҳурии Узбекистон Шавкат Мирзиёев суҳбати телефонӣ анҷом доданд
- Вохӯрии Раъно Ҳошимзода номзад ба вакилии Маҷлиси вакилони халқи вилояти Суғд аз ҳавзаи интихоботии “Қайроққум” №15 бо интихобкунандагон дар шаҳраки Сирдарё






Ҳамватанони азиз!
Дар асоси қарори Раиси шаҳри Гулистон аз 31.03.2022, №36 ҷиҳати баргузории стипендияи Раиси шаҳри Гулистон барои хонандагони болаёқати муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ барои соли таҳсили 2021-2022 санаи 07.05.2022 дар толори муассисаи таълимии №1 маркази шаҳр озмуни стипендияи Раиси шаҳри Гулистон баргузор карда шуд.
Дар шаҳри Гулистон тибқи қарори ба тавсиб расидаи Раиси шаҳр доир ба таҷлили 77-солагии Рӯзи Ғалаба дар Ҷанги Бузурги Ватании солҳои 1941-1945 дар ташкилоту муассисаҳо ва ҷамоати шаҳракҳо чорабиниҳои поси хотир баргузор гардида истодааст.
Ҳамшаҳриёни азиз!















