Имрӯз, 19 март бо такя ба сиёсати хирадмандона ва инсондӯстонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва дастуру супоришҳои Раиси вилояти Суғд муҳтарам Раҷаббой Аҳмадзода иҷрокунандаи вазифаи раиси шаҳри Гулистон Раъно Ҳошимзода ба манзили зисти як қатор оилаҳои ниёзманд, шахсони дорои имкониятҳои маҳдуд, пирони рӯзгордида ва сокинони шаҳр ташриф оварда, онҳоро бахшида ба ҷашни ҷаҳонии Наврӯз таҳният гуфт.
Ба оилаҳои зикргардида роҳбари шаҳр кӯмакҳои моддӣ дастрас намуда, изҳор дошт, ки онҳо ҳеҷ гоҳ набояд худро яккаву танҳо эҳсос намояд. Зеро давлату Ҳукумати мамлакат зери роҳбарии Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон пуштибону нигаҳбони оилаҳои ниёзманд ва барҷомондагону ятимону бепарасторон мебошад.
Мақолаҳои боқимонда...
- Иҷлосияи нуҳуми Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Гулистон, даъвати шашум доир гардид
- Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Синои шаҳри Душанбе «Кохи Олимп»-ро ба истифода доданд
- Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Синои шаҳри Душанбе бинои иловагии таълимӣ дар Гимназияи хусусии «Кафолат»-ро ифтитоҳ намуданд






Наврӯз ҷашни эҳтиром аз ҷойгоҳи табиат ва бузургдошти сайёраи Замин аст, ки баъди карахтии сармои зимистон ба мисли инсон аз хоб бедор мешавад ва ба риёзату тафаккур шурӯъ мекунад. Наврӯзро метавон ба мисол набзи тапандаи сайёраи Замин шинохт, ки дар гирди Офтоб як даври пурраи соли нуҷумиро паси сар мекунад. Агар ба рамзи Наврӯз аз дидгоҳи даруннигарӣ (маъниҷӯӣ) назар андозем, мебинем, ки рамзи аслии он навсозӣ ва навпардозӣ аст.
Ҳамшаҳриёни гиромӣ,
Ҳамватанони азиз!
17 март Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Қасри миллат Комиссари Олии Созмони Милали Муттаҳид оид ба паноҳандагон Филиппо Грандиро ба ҳузур пазируфтанд.















