Баррасии масоили гуногунҷанбаи Тоҷикистону Миср дар мулоқоти хосаи сарони давлатҳо Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Президенти Ҷумҳурии Арабии Миср муҳтарам Абдулфаттоҳ ас-Сисӣ оғоз гардида, зимни музокироти васеъ бо ҳайатҳои расмии ду кишвар идома ёфт.
Дар оғози мулоқот Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Президенти Ҷумҳурии Арабии Миср Абдулфаттоҳ Ас-Сисӣ барои даъват ҷиҳати анҷом додани сафари расмӣ ба Ҷумҳурии Арабии Мисри дӯст самимона изҳори миннатдорӣ намуданд.
Зимни суҳбати хоса ва музокироти васеъ масъалаҳои муҳими муносибатҳои дуҷониба ва бисёрҷонибаи Тоҷикистону Миср мавриди баррасӣ қарор дода шуд.
Мақолаҳои боқимонда...
- Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон аз Осорхонаи миллии тамаддуни Миср боздид ба амал оварданд
- Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар Миср аз корхонаҳои саноатии «Ҷипто фарма» ва «T&C Garments» боздид намуданд
- Оғози сафари расмии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар Ҷумҳурии Арабии Миср






10 март маросими истиқболи расмии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар назди Қасри Иттиҳодияи Ҷумҳурии Арабии Миср оғоз гардид.
10 март Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар доираи сафари расмӣ дар Ҷумҳурии Арабии Миср бо нишони эҳтиром ба таъриху фарҳанг, тамаддун ва фарзандони баруманди ин кишвар дар шаҳри Қоҳира дар назди муҷассамаи сарбози номаълум ва оромгоҳи собиқ Президенти марҳуми Миср Муҳаммад Анвар Содот гулчанбар гузошта, эҳтиром ба ҷо оварданд.
Муҳтарам собиқадорон ва намояндагони васоити ахбори омма,
Имрӯз, 10-уми марти соли 2022 дар толори мактаби санъати шаҳри Гулистон дар асоси нақшаи тасдиқгардидаи Шӯрои вилоятии Ҳаракати ҷамъиятии ваҳдати миллӣ ва эҳёи Тоҷикистон маҳфили илмӣ-адабӣ таҳти унвони “Пешвои миллат – эҳёгари ҷашни Наврӯз” бо иштироки омӯзгорону хонандагони муассисаҳои таълимии шаҳр, коллеҷи тиббӣ, соҳаҳои фарҳанг, тандурустӣ ва дигар соҳаҳои хоҷагии халқи шаҳр баргузор гардид.
















