9 март Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар доираи сафари расмӣ дар минтақаи Ал — Ханкаи Ҷумҳурии Арабии Миср аз корхонаҳои саноатии “Ҷипто фарма” ва “Ти энд Сӣ Гарментс” (“T&C Garments”) боздид намуданд.
Дар корхонаи “Ҷипто фарма” ба Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иттилоъ доданд, ки ин яке аз бузургтарин корхонаҳои истеҳсоли дору дар Ховари миёна ба ҳисоб меравад. Корхона дорои қудрат ва тавоноии истеҳсоли тамоми намуди доруҳои табобатӣ мебошад.
Коргоҳи “Ҷипто фарма” яке аз калонтарин ширкатҳои истеҳсолии доруи рақобатпазир дар ҷаҳон аст.






9 март Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо сафари расмӣ ба шаҳри Қоҳираи Ҷумҳурии Арабии Миср ворид шуданд.
Модарону бонувони гиромӣ!
Иҷрокунандаи вазифаи раиси шаҳри Гулистон Раъно Ҳошимзода баҳри амалӣ намудани сиёсати оқилонаву инсондӯстонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бахшида ба Рӯзи Модар як қатор модарони собиқадор, дорои имкониятҳои маҳдуд ва фарзандгумкардаро аёдат намуд.
Дар доираи чорабиниҳои идона ба ифтихори Рӯзи Модар иҷрокунандаи вазифаи раиси шаҳри Гулистон Раъно Ҳошимзода ҳамроҳ бо муовини Раиси вилояти Суғд Даврон Зоҳидзода модарони рӯзгордидаи шаҳри Гулистонро, ки солиёни зиёд дар низоми хизмати давлатӣ ва соҳаи маориф фаъолияти бенуқсон кардаанд аёдат намуданд.














