Дар толори бахши ҳифзи муҳити зисти шаҳр санаи 24-уми феврали соли 2022 тибқи нақшаи Ҳаракати ҷамъиятии ваҳдати миллӣ ва эҳёи Тоҷикистон дар вилояти Суғд ба истиқболи Рӯзи модар ва 25-умин солгарди Рӯзи Ваҳдати миллӣ маҳфили илмӣ-адабӣ таҳти унвони «Нақши занон дар таҳкими сулҳу ваҳдат” бо иштироки бонувони фаъоли шаҳр баргузор гардид.
Дар вохӯрӣ Ойинисо Раҳматова мудири бахши кор бо занон ва оила, Каромат Қосимова раиси Шӯрои собиқадорони шаҳр, Санавбар Нуриллоева муовини раиси Ҳаракати ҷамъиятии ваҳдати миллӣ ва эҳёи Тоҷикистон дар шаҳр, Шарифа Отаҷонова корманди КИ ҲХДТ дар шаҳр ва Маҳина Муҳаммедзода мудири бахши САҲШ иштирок ва суханронӣ намуданд.
Зикр гардид, ки модар арзандаи ҳама гуна эҳтиром, қадршиносӣ ва дӯстдорӣ мебошад, зеро ӯ меҳрубонтарин инсон барои ҳар як шахс буда, фарзанди худро бузургворона ва бо дилсӯзиву бахшоиш ҳамеша дастгиру пуштибон аст, ба хотири роҳату осоиши фарзандаш шабу рӯз заҳмат мекашад ва намегузорад, ки нури чашмони ӯ ба ранҷу озоре гирифтор гардад, бардаму солим ба камол расад, соҳиби одобу маърифат шавад, илму дониш ва касбу ҳунар омӯзад ва дар оянда барои ҷомеа хизмати сазовору шоиста анҷом диҳад.






Назаре ба таърихи ташкилёбии ин корхона нишон медиҳад, ки он аз зумраи корхонаҳои муқтадири қолинбофии даврони Шуравӣ ба ҳисоб рафта, бо қарори Раиси Шӯрои Вазирони ИҶШС Косиген А.Н. дар охири солҳои 50-уми қарни гузашта таъсис ёфтааст. Масоҳати умумии корхона мувофиқи маълумотҳои бойгонӣ 117 гектарро дар бар гирифта, 76 дарсади онро иншоотҳои истеҳсоли ташкил медиҳанд. Ҳануз дар замони собиқ Иттиҳоди Шуравӣ дар ин корхона дастгоҳу таҷҳизотҳои замонавӣ аз Олмону Голандия, Англия ва Япония ворид карда шуда, васлу насб гардиданд.
24 феврал Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Бохтар бо роҳбарон ва фаъолони вилояти Хатлон мулоқот карданд.
Иҷрокунандаи вазифаи Раиси шаҳри Гулистон Раъно Ҳошимзода аз Беморхонаи марказии шаҳр ҷиҳати шиносоӣ бо вазъи беморхона ва шарту шароити табобатгирандагон дидан намуд.
Дар рӯзҳои иду айём хабаргириву ҳолпурсии ашхосе, ки барои ҷомеа хизмат намудаанд, ба аъанаи нек табдил ёфта, гувоҳи равшани он аст, ки мардуми мо суннатҳои некро ҳамеша пос медоранд.
















