Ҷиҳати иҷрои дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва вазифагузориҳои Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода ҳар ҳафта рӯзҳои шанбе дар шаҳрҳои саноатии вилоят аз ҷумла шаҳри Гулистон ярмарка – фурӯши маҳсулоти кишоварзӣ ба нақша гирифта шудааст. Бо ин мақсад санаи 12.03.2022 дар шаҳри Гулистон ярмаркаи фурӯши молу маҳсулоти кишоварзӣ ба роҳ монда шуд.
Бо раванди ярмарка-фурӯши маҳсулоти кишоварзӣдар маркази шаҳр масъулини Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр аз наздик шинос гардида, доир ба танзими нарх ва ҷараёни баргузории он ба масъулин дастурҳо доданд.
Мақолаҳои боқимонда...
- Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон бо Раиси Сенати Ҷумҳурии Арабии Миср Абдулваҳҳоб Абдуррозиқ мулоқот карданд
- Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон бо намояндагони доираҳои соҳибкорию сармоягузории Ҷумҳурии Арабии Миср мулоқот намуданд
- Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон бо Сарвазири Ҷумҳурии Арабии Миср Мустафо Мадбулӣ мулоқот карданд






Имрӯз, 12 март дар Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Гулистон аз ҷониби иҷрокунандаи вазифаи раиси шаҳр Раъно Ҳошимзода қабули шаҳрвандон сурат гирифт.
11 март дар Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Гулистон бахшида ба 110-солагии матбуоти тоҷик мулоқоти иҷрокунандаи вазифаи раиси шаҳр Раъно Ҳошимзода бо аҳли қалам, хабарнигорон ва рӯзноманигорони телевизион ва нашрияҳои ҷумҳуриявӣ, вилоятӣ ва маҳаллӣ доир гардид.
Имрӯз миёни Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Президенти Ҷумҳурии Фаронса муҳтарам Эммануэл Макрон ба муносибати 30-юмин солгарди барпо намудани робитаҳои дипломатии ду кишвар мубодилаи барқияҳои табрикӣ ба амал омад.
10 март Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар доираи сафари расмӣ ба Ҷумҳурии Арабии Миср ба Донишгоҳи Қоҳира ташриф оварда, дар назди устодону донишҷуён суханронӣ намуданд.














