Санаи 5-уми марти соли ҷорӣ дар толори Кохи фарҳангии “Истиқлол”-и маркази шаҳри Гулистон бахшида ба Рӯзи Модар чорабинии идона баргузор гардид. Дар ибтидо муовини Раиси вилояти Суғд Даврон Зоҳидзода табрикоти Раиси вилояти Суғд муҳтарам Раҷаббой Аҳмадзодаро ба самъи ҳозирин расонид.
Сипас, иҷрокунандаи вазифаи Раиси шаҳри Гулистон Раъно Ҳошимзода занону бонувони шаҳрро ба муносибати Рӯзи Модар табрику таҳният намуд. Зикр гардид, ки бо шарофати сиёсати фардосози Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Истиқлолияти давлатӣ ҷиҳати таъмини мавқеи устувори зан-модар дар ҷомеа ҳамаи имкониятҳо фароҳам оварда шуд.






Санаи 04.03.2022 дар толори Кохи фарҳангии “Истиқлол”-и маркази шаҳри Гулистон тибқи нақшаи кории бахши кор бо ҷавонон ва варзиши шаҳр конфренсияи илмӣ-амалӣ бахшида ба Рӯзи Модар таҳти унвони “Модар – бақои ҳаёт” бо иштироки ҷавондухтарони Коллеҷи тиббии шаҳр, муассисаҳои таълимии маркази шаҳр, ҷавондухтарони фаъоли ҷамоати шаҳракҳо, гирандагони стипендияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, гирандагони стипендияи раиси шаҳр ва бонувони фаъоли ҳамаи соҳаҳои хоҷагии халқи шаҳр баргузор гардид.
Имрӯз, 5 марти соли 2022 иҷрокунандаи вазифаи раиси шаҳри Гулистон Раъно Ҳошимзода ва муовини Раиси вилояти Суғд Зоҳидзода Даврони Абдуқодир бахшида ба Рӯзи Модар як қатор модарони собиқадори шаҳри Гулистонро қадршиносӣ намуданд.
Бо иштироки иҷрокунандаи вазифаи раиси шаҳри Гулистон Раъно Ҳошимзода дар кӯчаи марказии Истиқлоли шаҳр маъракаи дарахтнишониву кабудизоркунӣ доир гардид. Роҳбари шаҳр аснои иштирок дар ин маросим ҷавонону наврасонро ба тозакориву сарсабзгардонии шаҳр даъват намуда, изҳор доштанд, ки ба таъбири ҳикматбори Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон "Ватани азизи моро ба ғайр аз худи мо каси дигар обод намекунад".
Модарону хоҳарони арҷманд,














