
10 март Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар доираи сафари расмӣ дар Ҷумҳурии Арабии Миср бо Раиси Сенати ин кишвар Абдулваҳҳоб Абдуррозиқ мулоқот карданд.
Дар рафти вохӯрӣ масоили ҳамкории дуҷонибаи кишварҳо, бахусус дар доираи робитаҳои байнипарлумонӣ баррасӣ гардиданд.
Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид доштанд, ки ҷониби Тоҷикистон Ҷумҳурии Арабии Мисрро шарики муҳими худ дар арсаи байналмилалӣ, дунёи араб ва ҷаҳони Ислом медонад ва густариши минбаъдаи равобити дӯстона ва ҳамкории судмандро бо он ба нафъи мардумони ду кишвар меҳисобад.
Мақолаҳои боқимонда...
- Мулоқоту музокироти сатҳи олии Тоҷикистону Миср
- Маросими истиқболи расмии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар назди Қасри Иттиҳодияи Ҷумҳурии Арабии Миср
- Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар назди муҷассамаи сарбози номаълум ва оромгоҳи собиқ Президенти марҳуми Миср Муҳаммад Анвар Содот гулчанбар гузоштанд






10 март дар доираи сафари расмӣ дар Ҷумҳурии Арабии Миср мулоқоти Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо доираи соҳибкорону сармоягузорон ва роҳбарони ширкатҳои ин кишвар баргузор шуд.
10 март Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар доираи сафари расмӣ дар шаҳри Қоҳира бо Сарвазири Ҷумҳурии Арабии Миср Мустафо Мадбулӣ мулоқот карданд.
Субҳи имрӯз, 11 март бахшида ба 110-солагии Рӯзи матбуоти тоҷик иҷрокунандаи вазифаи раиси шаҳри Гулистон Раъно Ҳошимзода собиқадори соҳаи матбуот, поягузори рӯзномаи шаҳрии "Соҳил", мудири шуъбаи рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеаи дастгоҳи раиси шаҳри Гулистонро аёдат намуд.
Баъди анҷоми мулоқоту музокироти сатҳи олии Тоҷикистон ва Миср маросими имзои санадҳои нави ҳамкорӣ баргузор шуд.














