16 март таҳти раёсати Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси Шӯрои машваратӣ оид ба беҳтар кардани фазои сармоягузорӣ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷаласаи XXII Шӯро баргузор гардид.
Дар ҷаласа масъалаҳои вобаста ба рафти иҷрои қарорҳои Шӯрои машваратӣ, натиҷаҳои таҳлил ва тавсияҳо оид ба рушди тиҷорати электронӣ, истифодаи воситаҳои муосири рушди соҳибкорӣ миёни занон ва ҷавонон, лоиҳаи рӯзномаи ҷаласаи ояндаи Шӯрои машваратӣ мавриди баррасӣ қарор гирифт.
Зимни баррасии масъалаҳои ҷаласа, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мунтазам вусъат ёфтани раванди ислоҳотро тавассути муколамаи озоди байни давлат ва бахши хусусӣ бо баргузории ҷаласаҳои Шӯро зикр намуда, дар ин замина беҳтар гардидани фазои сармоягузорӣ дар соҳаҳои воқеии иқтисодиёт, ташкили низоми шарикии давлат ва бахши хусусӣ, шомилшавии Тоҷикистон ба конвенсияҳои байналмилалӣ, таъсиси рейтинги кредитии соҳибихтиёрии Тоҷикистон, роҳандозии хизматрасониҳои электронӣ ба соҳибкорону сармоягузорон ва ислоҳоти дигарро натиҷаи фаъолияти самараноки Шӯро арзёбӣ намуданд.






16 марти соли 2022 дар қасри фарҳанги Ҷамоати шаҳраки Чоруқдаррони шаҳри Гулистон бо мақсади таъмини иҷрои дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, нақшаи тасдиқгардидаи бахши кор бо ҷавонон ва варзиши шаҳр дар якҷоягӣ бо бахши кор бо занон ва оила ва шуъбаҳои рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеа ва маориф конфренсияи илмӣ-адабӣ таҳти унвони “Пешвои миллат – эҳёгари Наврӯз” бо иштироки кормандони ҷамоати шаҳрак, омӯзгорону хонандагон ва сокинони маҳаллӣ баргузор гардид.
Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Гулистон бо мақсади иҷрои барқияи телефонӣ №6 аз 10.03.2022 Дастгоҳи Кумитаи Иҷроияи Марказии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон барои дар сатҳи баланди сиёсию ташкилӣ ҷашн гирифтани Иди байналмилалии “Наврӯз”, арҷгузорӣ ва эҳтиром ба фарҳанги ниёгон, арзишҳои миллӣ, таҳкими ғояҳои ватанпарварӣ ва худшиносиву худогоҳии миллӣ бо ҳамҷоягии Мактаби варзишии шаҳр мусобиқаи шаҳрӣ оид ба намуди гӯштини миллиро дар ташкилоти ибтидоии ҳизбии “Созмони Ҷавонон” бо ҷалби фаъолону ҷонибдорони ҳизб ва намояндагии ТҶҶ “Созандагони Ватан” доир намуд.
Дирӯз Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо Президенти феълии Туркманистон муҳтарам Гурбангулӣ Бердимуҳамедов ва Президенти тозаинтихоби ин кишвар муҳтарам Сердар Бердимуҳамедов суҳбати телефонӣ анҷом доданд.
Дирӯз Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Президенти тозаинтихоби Туркманистон муҳтарам Сердар Бердимухамедов барқияи табрикӣ ирсол намуданд, ки дар он омадааст:














