Дар варзишгоҳи марказии шаҳри Гулистон мусобиқаи умумишаҳрӣ оид ба футбол барои гирифтани Ҷоми Раиси шаҳри Гулистон дар соли 2021 бахшида ба 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷамъбаст карда шуд. Дар мусобиқаи мазкур шаш дастаи яккачини шаҳракҳои тобеъ ва маркази шаҳр байни ҳам қувваозмоӣ намуданд.
Дастаи яккачини Ҷамоати шаҳраки Адрасмон дар ҳамаи сабқатҳо хеле хуб ҳунарнамоӣ карда, дар бозиҳо маҳорати баланди техникӣ намоиш дода, соҳиби Ҷоми Раиси шаҳри Гулистон дар соли 20221 гардид. Ҷойи дуюм насиби дастаи яккачини маркази шаҳр ва ҷойи сеюм Ҷамоати шаҳраки Зарнисор гардиданд.
Ба ғолибон ҷом, медалҳо ва сипосномаи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр дар вазъи мутантан супорида шуд.






Таҳти ин унвон дар толори бахши фарҳанги шаҳри Гулистон маҳфили илмӣ – адабӣ таҳти унвони «Тоҷикистон, ба пеш!» бо иштироки фаъолони Ҳаракати ваҳдати миллӣ ва эҳёи Тоҷикистон дар шаҳр баргузор гардид.
Дар варзишгоҳи марказии шаҳри Бӯстон дар доираи даври 10-ум (марҳилаи дуюм)-и чемпионати Тоҷикистон байни дастаҳои Лигаи дуюм (минтақаи Суғд) оид ба футбол санаи 11-уми августи соли ҷорӣ вохӯрии дастаҳои “Суғдиён”-и шаҳри Бӯстон ва “Гулистон”-и шаҳри Гулистон баргузор гардид.
Дар толори хурди Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр бахшида ба Рӯзи варзишгарон ҷамъомади ботантана доир гардид. Муовини Раиси шаҳри Гулистон Ғайрат Оқилзода табрикоти Раиси шаҳри Гулистон Бахтиёр Саидаҳмадзодаро ба ифтихори Рӯзи варзишгарон манзур намуд.
Варзишгарони арҷманди гулистонӣ!















