Матни равон

Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Гулистон баҳри пешгирии интиқол ва паҳншавии бемории сироятии коронавируси нави Ковид – 19 тадбирҳои зарурӣ андешида, дар доираи нақшаи чорабиниҳои ситоди шаҳрӣ корҳои тарғиботӣ ва фаҳмондадиҳӣ бомаром ба роҳ монда шуда истодаанд.

Бо мақсади пешгирии интиқол ва паҳншавии бемории сироятии коронавирус Ковид – 19  аз ҷониби Маркази назорати давлатии санитарию эпидемиологии шаҳр дар ҳудуди шаҳр корҳои безараргардонӣ ва фаҳмондадиҳӣ ба роҳ монда мунтазам ҷараён дорад. Дар рафти корҳои безараргардонӣ боғи “Зардолузор”, маҷмааи “Тоҷикистон ба пеш!”, ҳамаи партовҷойҳои шаҳр ва дигар маконҳои истироҳатӣ, ки теъдоди зиёди сокинон гашту гузор мекунанд бо воситаи маҳлулҳои безарагардонӣ безарар гардонида шуданд. Безараргардонӣ  бо истифода аз нақлиёт ва ба таври дорупошакҳои дастӣ ба роҳ монда шуд. Бо баробари безараргардонӣ бо гаштугузоркунандагон бо воситаи баландгӯяк  корҳои фаҳмондадиҳӣ гузаронида шуд. Ба сокинон таъкид гардид, ки дар ҷойҳои ҷамъиятӣ ва маконҳои серодам беҳуда гашту гузор нанамоянд, ҳангоми зарурат ва гашту гузор аз ниқобҳои тиббӣ истифода баранд, гигиенаи шахсӣ ва тавсияи табибонро риоя намоянд. Бо ин роҳ худ ва атрофиёнро аз сирояти коронавируси нави  Ковид – 19 эмин нигоҳ доранд.

 

Дар варзишгоҳи марказии шаҳри Гулистон мусобиқаи умумишаҳрӣ оид ба футбол барои гирифтани Ҷоми Раиси шаҳри Гулистон дар соли 2021 бахшида ба 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷамъбаст карда шуд. Дар мусобиқаи мазкур шаш дастаи яккачини  шаҳракҳои тобеъ ва маркази шаҳр байни ҳам қувваозмоӣ намуданд.

Дастаи яккачини Ҷамоати шаҳраки Адрасмон дар ҳамаи сабқатҳо хеле хуб ҳунарнамоӣ карда, дар бозиҳо маҳорати баланди техникӣ намоиш дода, соҳиби Ҷоми Раиси шаҳри Гулистон дар соли 20221 гардид. Ҷойи дуюм насиби дастаи яккачини маркази шаҳр ва ҷойи сеюм Ҷамоати шаҳраки Зарнисор гардиданд.

Ба ғолибон ҷом, медалҳо ва сипосномаи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр дар вазъи мутантан супорида шуд.

 

 

Таҳти ин унвон дар толори бахши фарҳанги шаҳри Гулистон маҳфили илмӣ – адабӣ таҳти унвони «Тоҷикистон, ба пеш!» бо иштироки фаъолони Ҳаракати ваҳдати миллӣ ва эҳёи Тоҷикистон дар шаҳр баргузор гардид.

Дар ибтидо мудири шуъбаи рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеаи дастгоҳи Раиси шаҳр Илҳом Мадализода номаи шодбошии Раиси шаҳри Гулистон Бахтиёр Саидаҳмадзодаро манзури иштирокдорони маҳфил намуд.

Сипас мудири бахши кор бо ҷавонон ва варзиши шаҳр Аҳлиддин Абдураҳмонов дар мавзӯи “Ҷавонон ва Истиқлолияти давлатӣ” суханронӣ намуд. Омӯзгори муассисаи таълимии №14 Бимфазилат Юсуфова, ғолиби озмуни шаҳрии “Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст” Зубайда Раҳмонова, муовини директори гимназия Фазилат Фаридунова ва директори китобхонаи марказии шаҳр Биомина Мирзоева доир ба мафҳум, моҳият ва арзишҳои истиқлолият суханронӣ намуданд.

Дар варзишгоҳи марказии шаҳри Бӯстон дар доираи даври 10-ум (марҳилаи дуюм)-и чемпионати Тоҷикистон байни дастаҳои Лигаи дуюм (минтақаи Суғд) оид ба футбол санаи 11-уми августи соли ҷорӣ вохӯрии дастаҳои “Суғдиён”-и шаҳри Бӯстон ва “Гулистон”-и шаҳри Гулистон баргузор гардид.

Бозии аввалини марҳилаи дуюм пас аз ҷамъбасти марҳилаи аввал ва   танаффуси якмоҳа бо қувваи тоза ва басе ҷолибу диданӣ сурат гирифт.  Дар қисми аввалӣ дидор бозигарони дастаи “Гулистон”-и шаҳри Гулистон имкониятҳои зиёди голзаниро ба вуҷуд оварданд, ки дар натиҷа ҳуҷумкори даста ба задани 2 тӯб ба дарвозаи ҳариф мушарраф гардид. Бозигарони дастаи Бӯстон низ дар пайи кӯшишҳои зиёд ба задани як тӯб даст ёфтанд. Ҳамин тавр бо ҳисоби 1 – 2 қисми аввали бозӣ ба охир расид.

Дар қисми дуюми бозӣ футболбозони дастаи “Суғдиён”-и шаҳри Бӯстон ташаббусро ба даст гирифта маротибаи дуюм хати дарвозаи меҳмононро рахна намуданд. Пас аз голи мизбонон бозӣ ҷолибтар гардид ва дар натиҷаи ҳуҷумҳои пайиҳам футболбозони гулистонӣ ба задани 2 туби дигар ба дарвозаи мизбонон муяссар гардиданд.

Дар толори хурди Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр бахшида ба Рӯзи варзишгарон ҷамъомади ботантана доир гардид. Муовини Раиси шаҳри Гулистон Ғайрат Оқилзода табрикоти Раиси шаҳри Гулистон Бахтиёр Саидаҳмадзодаро ба ифтихори Рӯзи варзишгарон манзур намуд.

Тазаккур дода шуд, ки дар заминаи сиёсати иҷтимоии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон намудҳои гуногуни варзиш дар  кишвар рушд намуда, варзишгарони  тоҷик имкон пайдо намуданд, ки дар мусобиқаҳои гуногуни сатҳи байналмилалӣ ва ҷаҳонӣ иштирок ва қуввасанҷӣ намоянд.

Дар давоми солҳои соҳибистиқлолӣ дар ҳудуди шаҳри Гулистон ва ҷамоати шаҳракҳои тобеи он беш аз 100 иншооти варзишӣ қомат афрохта, дари худро барои дӯстдорони варзиш боз намудаанд. Ин ҳама шароитҳои мусоид барои таъмини оммавияти варзиш, ҷалби ҷавонону наврасон ба тарбияи ҷисмонию варзиш, омода намудани варзишгарони касбӣ ва дар маҷмуъ барои тарғиби тарзи ҳаёти солим, пешгирии ҳамагуна падидаҳои номатлуб дар байни ҷомеа нигаронида шудааст. Ин аст, ки варзишгарони шаҳр дар давоми нимсолаи аввали соли ҷорӣ дар 16 мусобиќаи дохилимактабї – бо гирифтани  449 медал, 12 мусобиќаи шањрї бо гирифтани 344 медал, 12 мусобиќаи вилоятї бо гирифтани 31 медал ва дар 5 мусобиќаи љумњуриявї бо гирифтани 24 медал мушарраф гардиданд, ки дар маҷмуъ 852 медалро ташкил медиҳад. Боиси ифтихор аст, ки футболбозони дастаи “Гулистон”-и шаҳр ғолиби Ҷоми вилояти Суғд - 2021 оид ба футбол гардиданд.

Сомонаҳои расмӣ



Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон


МИҲД вилояти Суғд


АМИТ "Ховар"

Эълонҳо

  • 1
  • 2
  • 3
  • 4
  • 5

Диққат! Озмун!

Диққат! Озмун!

Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Гулистон барои ишғоли мансабҳои холии маъмурии хизмати давлатӣ озмун эълон...

10 Сен 2025

Диққат! Озмун!

Диққат! Озмун!

Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Гулистон барои ишғоли мансабҳои холии маъмурии хизмати давлатӣ озмун эълон...

04 Дек 2024

ДИҚҚАТ! ОЗМУН!

ДИҚҚАТ! ОЗМУН!

Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Гулистон барои ишғоли мансабҳои холии маъмурии хизмати давлатӣ озмун эълон...

24 Апр 2024

Диққат! Озмун!

Диққат! Озмун!

Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Гулистон барои ишғоли мансабҳои холии маъмурии хизмати давлатӣ озмун эълон...

25 Апр 2022

Диққат! Озмун!

Диққат! Озмун!

Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Гулистон ба мансабҳои холии маъмурии хизмати давлатӣ озмун эълон менамояд ...

04 Ноя 2021

Мо дар Фейсбук

Ташрифкунандагон


mod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_counter
mod_vvisit_counterИмрӯз:1551
mod_vvisit_counterРӯзи гузашта:654
mod_vvisit_counterҲамин ҳафта:9539
mod_vvisit_counterҲафтаи гузашта:7327
mod_vvisit_counterҲамин моҳ:14406
mod_vvisit_counterМоҳи гузашта:24042
mod_vvisit_counterҲамагӣ:9400175

Райъпурсӣ

Сомона чи хел аст?