Дирӯз Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Президенти Ҷумҳурии Туркия муҳтарам Реҷеп Тайип Эрдоган барқияи изҳори тасаллӣ ирсол намуданд, ки дар он омадааст:
«Ҷаноби Олӣ,
Хабари ба ҳалокат расидан ва осеб дидани мардум, ҳамчунин харобиҳои зиёд бар асари обхезии шадид дар минтақаҳои наздисоҳилии Баҳри Сиёҳ дар Ҷумҳурии Туркия боиси андӯҳи амиқи мо гардид.
Дар ин зимн, ҳамдардиву тасаллиёти самимии ин ҷонибро ба мардуми дӯсти Туркия иброз дошта, ба аҳли пайвандону наздикони қурбониёни ин офати табиии фоҷеабор сабри ҷамил ва барои ҳамаи осебдидагон шифои комил хоҳонам».






Дар толори калони Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Гулистон ҷамъомади ботантана бахшида ба Рӯзи касбии кормандони соҳаи тиб баргузор гардид.
18 август дар Қасри миллат Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба истиқболи ҷашни 30-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба намояндагони касбу кори гуногун, ки дар фаъолияти корӣ натиҷаҳои назаррас доранд, мукофот ва унвону ҷоизаҳои давлатӣ супориданд.
Муҳтарам кормандони соҳаи тандурустӣ!
Раиси шаҳри Гулистон Бахтиёр Саидаҳмадзода ба муносибати иди касбии табибон собиқадорони соҳаи тибби шаҳр Тутинисо Зайнидинова, Рисқинисо Исобоева ва Акрамҷон Мақсудовро аёдат намуд.















