Матни равон

25 август дар Қасри миллат Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Исломии Покистон Маҳдум Шоҳ Маҳмуд Қурейширо ба ҳузур пазируфтанд.

Дар ҷараёни мулоқот маҷмуъи васеи масоили рушду тавсеаи ҳамкории дуҷониба дар соҳаҳои мухталифи барои ҳар ду ҷониб судманд мавриди баррасӣ қарор дода шуд.

Ҷонибҳо зимни мулоқот масъалаҳои мубрами дуҷониба, аз ҷумла рафти омодагӣ ба сафари расмии Сарвазири Ҷумҳурии Исломии Покистон Имрон Хонро ба Тоҷикистон, муҳокима карданд.

25 август дар Қасри миллат Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба истиқболи ҷашни 30-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба роҳбарону намояндагони мақомоти қудратӣ, низомӣ, амниятӣ ва судии кишвар, ки дар фаъолияти корӣ натиҷаҳои назаррас доранд, мукофотҳои давлатӣ супориданд.

Қабл аз оғози маросими супоридани мукофотҳои давлатӣ Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳозиринро ба муносибати ҷашни миллӣ 30 — солагии Истиқлоли давлатӣ таҳният гуфта, таъкид намуданд, ки тибқи анъанаи нек мо ҳар сол дар арафаи таҷлили солгарди истиқлоли давлатӣ заҳмати шахсонеро, ки барои пешрафту ободии Ватан ва оромиву суботи ҷомеа саҳми арзишманд гузоштаанд, аз ҷумла хизматчиёни ҳарбии Қувваҳои Мусаллаҳ, кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, яъне афсарону сарбозони шуҷоъ ва содиқи Ватанро қадрдонӣ менамоем.

23 августи соли 2021 таҳти раёсати Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси Шӯрои амнияти дастҷамъии Созмони Аҳдномаи амнияти дастҷамъӣ (СААД) муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иҷлосияи ғайринавбатии Шӯрои амнияти дастҷамъӣ дар шакли маҷозӣ баргузор гардид.

Дар кори иҷлосия Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси Шӯрои амнияти дастҷамъии СААД Эмомалӣ Раҳмон, Сарвазири Ҷумҳурии Арманистон Никол Пашинян, Президенти Ҷумҳурии Беларус Александр Лукашенко, Президенти Ҷумҳурии Қазоқистон Қосим-Жомарт Токаев, Президенти Ҷумҳурии Қирғизистон Садир Жапаров, Президенти Федератсияи Русия Владимир Путин ва Дабири кулли СААД Станислав Зас иштирок намуданд.

Ба ҳайси давлати даъватшуда дар иҷлосия Президенти Ҷумҳурии Узбекистон Шавкат Миромонович Мирзиёев иштирок намуд.

Имрӯз Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо Президенти Ҷумҳурии Узбекистон муҳтарам Шавкат Мирзиёев суҳбати телефонӣ анҷом доданд.

Дар рафти суҳбат сарони ду давлат масъалаҳои мубрами ҳамкориҳои дуҷониба ва вазъи минтақавиро мавриди баррасӣ қарор доданд.

Дар ин зимн, ба вазъияти ноороми имрӯзаи Ҷумҳурии Исломии Афғонистон аҳамияти хоса зоҳир карда шуд.

20 августи соли 2021 Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ дар кӯчаи Фотеҳ Ниёзии ноҳияи Исмоили Сомонии пойтахт бинои нави Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистонро мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд.

Бинои нави Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки бо тарҳу шакли муосир дар маркази пойтахт бо ҳидоятҳои бевоситаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қомат афрохт, аз зумраи иншооти ҷашнӣ бахшида ба 30-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон буда, дорои имконоти фарохи фаъолият барои тамоми кормандони дастгоҳи марказӣ ва сохторҳои зертобеи Вазорати молияи мамлакат аст.

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аснои шиносоӣ бо шароиту имконияти фароҳамоварда дар бинои нав мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифтани бинои нави Вазорати молияро туҳфаи арзишманди роҳбарияти олии сиёсии Тоҷикистон ба ҳайати кормандон дар арафаи ҷашни муҳиму муқаддаси 30-солагии Истиқлоли давлатӣ арзёбӣ намуданд.

Сомонаҳои расмӣ



Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон


МИҲД вилояти Суғд


АМИТ "Ховар"

Эълонҳо

  • 1
  • 2
  • 3
  • 4
  • 5

Диққат! Озмун!

Диққат! Озмун!

Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Гулистон барои ишғоли мансабҳои холии маъмурии хизмати давлатӣ озмун эълон...

10 Сен 2025

Диққат! Озмун!

Диққат! Озмун!

Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Гулистон барои ишғоли мансабҳои холии маъмурии хизмати давлатӣ озмун эълон...

04 Дек 2024

ДИҚҚАТ! ОЗМУН!

ДИҚҚАТ! ОЗМУН!

Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Гулистон барои ишғоли мансабҳои холии маъмурии хизмати давлатӣ озмун эълон...

24 Апр 2024

Диққат! Озмун!

Диққат! Озмун!

Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Гулистон барои ишғоли мансабҳои холии маъмурии хизмати давлатӣ озмун эълон...

25 Апр 2022

Диққат! Озмун!

Диққат! Озмун!

Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Гулистон ба мансабҳои холии маъмурии хизмати давлатӣ озмун эълон менамояд ...

04 Ноя 2021

Мо дар Фейсбук

Ташрифкунандагон


mod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_counter
mod_vvisit_counterИмрӯз:1402
mod_vvisit_counterРӯзи гузашта:654
mod_vvisit_counterҲамин ҳафта:9390
mod_vvisit_counterҲафтаи гузашта:7327
mod_vvisit_counterҲамин моҳ:14257
mod_vvisit_counterМоҳи гузашта:24042
mod_vvisit_counterҲамагӣ:9400026

Райъпурсӣ

Сомона чи хел аст?