Матни равон

Зилзилаи субҳи имрӯз ба сари мардуми ноҳияҳои Рашту Тоҷикобод омада хисороти ҷониву молӣ ба пай дошт. Дар натиҷа якчанд хонаи истиқоматии маҳалҳои аҳолинишин ва сокинони навоҳии мазкур зарари ҷониву молӣ диданад. Ба гуфтаи маенбаъ 4 нафар ба ҳалокат расидааст.

Субҳи 10-уми июли соли 2021 дар минтақаи Рашт заминларза ба вуқӯъ омад. Аз он сокинони деҳаҳои Бустон, Кули Калон ва Саричашмаи ҷамоати деҳоти Лангари Шоҳи н.Тоҷикобод, деҳаҳои ҷамоатҳои деҳоти Ҳиҷборак ва  Аскалони н.Рашт  зарари молию ҷонӣ  диданд.

Дар партави дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ Пешвои миллат Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо ҷалби соҳибкорони хайрандеш имруз бо иштироки Раиси шаҳри Гулистон муҳтарам Бахтиёр Саидаҳмадзода оғози корҳои мумфаршкунӣ дар кучаи А.Ҷомӣ шурӯъ гардид.

Дар назар дошта шудааст, ки иқдоми мазкур дар кучаҳои Ҷавонӣ, Бойматов ва дигар паскучаҳои шаҳр идома меёбад.

Дар доираи дастуру супоришҳои раиси шаҳри Гулистон муҳтарам Бахтиёр Саидаҳмадзода имруз дар кучаҳо ва партовҷоиҳо корҳои безараргардони ба роҳ монда шуданд.

Тавассути нақлиётҳои обпош бо иштироки намояндагони МИҲД-и шаҳр, КФД «ХМК» ва мутахасисони МНДСЭ-и шаҳр дар кучаҳои Дустии халқҳо, Истиқлол, А.Ҷомӣ ва Мирзо Турсунзода, инчунин дар партовҷойҳо корҳои безараргардонӣ бо мақсади пешгири аз паҳншавии вируси нави коронавирус гузаронида шуд.

Дар толори калони мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр таҳти раёсати Раиси шаҳри Гулистон Бахтиёр Саидаҳмадзода ҷаласаи фаъолони шаҳр доир ба ҷамъбасти натиҷаҳои рушди иҷтимоию иқтисодии шаҳри Гулистон дар давоми нимсолаи аввали соли 2021 бо иштироки муовини якум, муовин Раиси шаҳр, роҳбари дастгоҳи Раиси шаҳр, мудирони шуъбаву бахшҳои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр, роҳбарони воҳидҳои сохтории шаҳр, роҳбарони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, молия, нозироти андоз, роҳбарони корхона, ташкилоту муассисаҳо, раисони ҷамоати шаҳракҳо, намояндагони соҳаҳои маориф, тандурустӣ ва дигар фаъолон доир гардид.

Роҷеъ ба фаъолияти соҳаҳои хоҷагии халқи шаҳр дар давоми нимсолаи якуми соли 2021 муовини Раиси шаҳр Ғайрат Оқилзода маърӯза намуд. Зикр гардид, ки дар давоми шаш моҳи соли 2021 ба қисми даромади буҷети давлатӣ 112,1 миллион сомонӣ маблағҳои андозу пардохтҳо ворид гашт, ки он баробар ба 105,2 фоизи нақшаи пешбинишуда буда, ба буҷет 5,5 миллион сомонӣ аз нақша зиёд маблағ ворид гардид. Нақшаи даромади буҷети шаҳрӣ 108,7 фоиз ба иҷро расонида шуд.

Сомонаҳои расмӣ



Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон


МИҲД вилояти Суғд


АМИТ "Ховар"

Эълонҳо

  • 1
  • 2
  • 3
  • 4
  • 5

Диққат! Озмун!

Диққат! Озмун!

Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Гулистон барои ишғоли мансабҳои холии маъмурии хизмати давлатӣ озмун эълон...

10 Сен 2025

Диққат! Озмун!

Диққат! Озмун!

Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Гулистон барои ишғоли мансабҳои холии маъмурии хизмати давлатӣ озмун эълон...

04 Дек 2024

ДИҚҚАТ! ОЗМУН!

ДИҚҚАТ! ОЗМУН!

Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Гулистон барои ишғоли мансабҳои холии маъмурии хизмати давлатӣ озмун эълон...

24 Апр 2024

Диққат! Озмун!

Диққат! Озмун!

Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Гулистон барои ишғоли мансабҳои холии маъмурии хизмати давлатӣ озмун эълон...

25 Апр 2022

Диққат! Озмун!

Диққат! Озмун!

Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Гулистон ба мансабҳои холии маъмурии хизмати давлатӣ озмун эълон менамояд ...

04 Ноя 2021

Мо дар Фейсбук

Ташрифкунандагон


mod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_counter
mod_vvisit_counterИмрӯз:1970
mod_vvisit_counterРӯзи гузашта:2774
mod_vvisit_counterҲамин ҳафта:18858
mod_vvisit_counterҲафтаи гузашта:22395
mod_vvisit_counterҲамин моҳ:44854
mod_vvisit_counterМоҳи гузашта:101163
mod_vvisit_counterҲамагӣ:9342170

Райъпурсӣ

Сомона чи хел аст?