Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар идомаи сафари корӣ ба ноҳияи Шаҳристон дар хоҷагии деҳқонии “Ҷасурбек”-и кооперативи тиҷоратию истеҳсолии “Холдорқипчоқ” ба ҷамъоварии ҳосили картошка оғоз бахшиданд.
Ноҳияи Шаҳристон дар баробари боғдорию чорводорӣ аз минтақаҳои картошкапарварии кишвар ба ҳисоб меравад. Обу хоку иқлими ноҳия ба кишту парвариши картошка мутобиқ буда, хоҷагидорону аҳолӣ картошкаи хушсифат ва аз нигоҳи экологӣ тоза истеҳсол менамоянд.
Ба Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иттилоъ доданд, ки аз 4,5 ҳазор гектар заминҳои ба кооперативи тиҷоратию истеҳсолии “Холдорқипчоқ” вобаста 582 гектараш заминҳои обёришаванда мебошад. 300 хоҷагии деҳқонӣ, беш аз 900 нафар саҳмдорон ба хоҷагидорӣ машғуланд ва картошкапарварӣ яке аз самтҳои асосию даромадноки кишоварзӣ маҳсуб меёбад.
Мақолаҳои боқимонда...
- ТАБРИКОТИ Раиси шаҳри Гулистон Бахтиёр Саидаҳмадзода ба муносибати Рўзи кормандони Хадамоти оташнишонӣ
- Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон бо роҳбарон ва фаъолони ноҳияи Айнӣ мулоқот намуданд
- Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Айнӣ варзишгоҳи марказиро ифтитоҳ карда, бо сокинон мулоқот намуданд






29 июл баъди ифтитоҳи якчанд иншооти таъйиноти гуногун дар ноҳияи Шаҳристон Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо роҳбарону фаъолон ва омӯзгорони ноҳия мулоқоти самимӣ доир карданд.
Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар деҳаи Ободии ноҳияи Шаҳристон бинои муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии рақами 19-ро, ки бо тарҳу лоиҳаи замонавӣ сохта шудааст, мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд.
Дар ноҳияи Шаҳристон Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар доираи сафари корӣ ба вилояти Суғд дар маросими барафрохтани Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон иштирок намуданд.
29 июл Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон нахуст дар ноҳияи Шаҳристон хати оби нӯшокиро мавриди истифода қарор доданд.















