7 октябр Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар варзишгоҳи марказии шаҳри Хуҷанд дар барномаи бошукуҳи идона ба ифтихори 30-солагии Истиқлолияти давлатӣ иштирок ва суханронӣ карданд.
Нахуст Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон тамоми сокинони заҳматқарини шаҳру ноҳияҳои вилояти Суғдро ба муносибати сиюмин солгарди истиқлолу озодии Тоҷикистони маҳбубамон самимона табрик гуфтанд.
Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо изҳори қаноатмандӣ аз дастовардҳои даврони соҳибистиқлолӣ таъкид доштанд, ки дар вилоят давоми се соли охир корҳои бузурги созандагӣ вусъат гирифта, дар ин давра зиёда аз 8000 иншооти иҷтимоиву истеҳсолӣ ва инфрасохторӣ сохта, ба истифода супорида шудааст.
Мақолаҳои боқимонда...
- Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон Кӯдакистони «Маҳзани илм»-ро дар деҳоти Хистеварзи ноҳияи Бобоҷон Ғафуров мавриди истифода қарор доданд
- Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров Кӯдакистони «Зарзамин»-ро ба истифода доданд
- Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон Маркази саломатии деҳоти «Зарзамин»-ро дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров ифтитоҳ намуданд






Бо иштироки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар кӯчаи Саъдии деҳоти Хистеварзи ноҳияи Бобоҷон Ғафуров корҳои мумфаршкунии роҳи дарозиаш 10,4 километр ва паҳноии 5 метр оғоз гардид.
Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар доираи сафари корӣ дар вилояти Суғд дар деҳаи Баҳористони деҳоти Хистеварзи ноҳияи Бобоҷон Ғафуров Муассисаи таҳсилоти томактабии “Шукуфаҳои Истиқлол”-ро мавриди истифода қарор доданд.
Дар идомаи сафари корӣ дар вилояти Суғд Асосгузори сулху ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар деҳоти Хистеварзи ноҳияи Бобоҷон Ғафуров бинои Маркази ҳунарҳои мардумӣ, истеҳсоли атласу адрас ва сехи дӯзандагиро мавриди истифода қарор доданд.
Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар доираи сафари корӣ дар ҷамоати Хистеварзи ноҳияи Бобоҷон Ғафуров маҷмааи таълимиву хизматрасониро мавриди истифода қарор доданд.













