Муҳтарам кормандони Хадамоти оташнишонӣ!
Хадамоти давлатии оташнишонӣ яке аз хадамоти бонуфузи Вазорати корҳои дохилӣ ба шумор рафта, фаъолияти он асосан дар ду самт- омодагӣ барои сӯхторхомӯшкунӣ ва назорати давлатии бехатарӣ аз сӯхтор амалӣ карда мешавад.
Соли равон 93-юмин солгарди таъсисёбии Хадамоти давлатии оташнишонӣ ҷашн гирифта мешавад. Бо қарори Кумитаи Марказии иҷроияи Шӯрои комиссарони халқии Ҷумҳурии мухтори шӯравӣ-сотсиалистии Тоҷикистон аз 30-юми июли соли 1928 хадамот дар шакли «Назорати давлатии бехатарӣ» таъсис ёфтааст.
Ҳамагон медонанд, ки дар ҳаёт аз наҷоти ҷони инсон чизи наҷибтаре нест. Дар ҳама давру замон беҳтаринҳо барои сӯхторхомӯшкунӣ интихоб карда мешуданд. Дар тӯли солҳои мавҷудияти худ, ниҳоди сӯхторнишонӣ бисёр марҳилаҳоро паси сар кард, аммо ҳадафҳо ва вазифаҳои хидмат бетағйир монданд - хомӯш кардани оташ ва наҷоти одамон. Мутахассисони ин касб ҳамеша бо далерӣ, ҷасорат, муҳаббат ва садоқат ба кори худ ва омодагии ҳамешагӣ матонат нишон медиҳанд, зеро мубориза бо оташ ҳар рӯз аз онҳо кордониву зиракӣ, тахассуси баланд ва мардонагии шахсиро талаб мекунад.
Мақолаҳои боқимонда...
- Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар маркази ноҳияи Айнӣ майдони Парчам ва Нишони давлатиро ба истифода доданд
- Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Айнӣ корхонаи парандапарварии «Мурғи Султон»-ро ба истифода доданд
- Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар деҳаи Зерободи ноҳияи Айнӣ бинои нави Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №15-ро ифтитоҳ намуданд






Баъди ифтитоҳи як қатор иншооти таъйиноти гуногун дар ноҳияи Айнӣ Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар шафати варзишгоҳи навбунёди марказии ноҳия бо роҳбарону фаъолон ва сокинони ноҳия мулоқоти самимӣ анҷом доданд.
Дар идомаи сафари корӣ дар вилояти Суғд Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Варзишгоҳи марказии ноҳияи Айниро ифтитоҳ карда, бо фаъолон, варзишгарон ва намояндагони касбу кори гуногуни ин ноҳияи дурдасти кӯҳистони мамлакат мулоқот анҷом доданд.
Дар идомаи сафари корӣ дар ноҳияи Айнӣ Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон фермаи чорвопарвариро мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд.
Дар маркази ноҳияи Айнӣ Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамчунин коргоҳи дӯзандагӣ ва ҳунармандии “Кӯҳсор”-ро мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд.














