Имрӯз, 30-юми октябри соли 2025 тибқи нақшаи сохторҳои дахлдори Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Гулистон ҷиҳати баргузории вохӯриҳо бо усули “маҳал ба маҳал” ва “деҳа ба деҳа” дар маҳаллаи №4-и маркази шаҳр бо сокинон вохӯрӣ баргузор карда шуд.
Дар вохӯрии мазкур муовини Раиси шаҳр Шарифҷони Саидраҳмон, раиси КИ ҲХДТ дар шаҳри Гулистон Бахтиёр Каримов, сармеъмори МИҲД-и шаҳр Илҳом Ашуров ва мутахассиси пешбари бахши дин, танзими ҷашну маросими МИҲД-и шаҳр Шаҳбоз Раҳматов иштирок ва суханронӣ намуданд.
Ҳайати гурӯҳи тарғиботӣ бо сокинон доир ба риояи меъёрҳои Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи масъулият барои таълиму тарбияи кӯдак”, Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи танзими ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон”, Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи тарбияи ватандӯстии шаҳрвандон” ва фаҳмонидани талаботи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 15 апрели соли 2025, №2163 “Дар бораи ворид намудани иловаҳо ба Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон” моддаи 253 қисми 1- вайрон кардани қоида аз меъёрҳои истифодаи қувваи барқ ва Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 15-уми апрели соли 2025, №2164 “Дар бораи ворид намудани тағйир ба Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон” моддаи 382 - риоя накардани қоидаҳои истифодаи қувваи барқ ва гармӣ, пешгирии шомилшавӣ ба ҳаргуна ҳизбу ҳаракатҳои дорои хусусияти экстремистиву террористӣ ва пешгирии тақлид ба фарҳанги бегона суханронӣ намуданд.






Имрӯз, 30-юми октябри соли 2025 дар Ҷамоати шаҳраки Консойи шаҳри Гулистон ҷавонмардони асил Файзиев Сироҷ, Давлатзода Олим, Азизов Саъдӣ, Ашуров Муҳаммадшариф, Маллабоев Меҳроҷ, Наврузов Фаррух ва Собиров Муҳаммадфирӯз, ки қарзи шаҳрвандии худ, хизмат дар сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистонро ба анҷом расонида сарбаландона ба назди волидон баргаштанд, бо суруру шодмонӣ истиқбол гирифта шуданд.
Имрӯз, 29.10.2025 дар толори бахши фарҳанги Ҷамоати шаҳраки Адрасмон тибқи нақшаи МИҲД-и шаҳри Гулистон ва нақшаи бахши кор бо ҷавонон ва варзиши шаҳр конфернсияи илмӣ-адабӣ ташкил ва баргузор карда шуд.
Имрӯз, 29-уми октябри соли 2025 дар Ҷамоати шаҳраки Адрасмони шаҳри Гулистон ҷавонмардони асил Давлатов Хуршед, Баротов Паҳлавон, Олимов Авазбек, Раҳмонназаров Ихтиёр, Маллаев Самандар, Алиматов Ҳусен ва Алиматов Ҳасан ки қарзи шаҳрвандии худ, хизмат дар сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистонро ба анҷом расонида сарбаландона ба назди волидон баргаштанд, бо суруру шодмонӣ истиқбол гирифта шуданд.
Имрӯз, 28-уми октябри соли 2025 дар толори мактаби санъати маркази шаҳр ҷаласаи навбатии Шурои собиқадорони ҷанг ва меҳнати шаҳри Гулистон доир гардид. Дар ҷаласаи 4 мавзуъ мавриди баррасӣ қарор дода шуд. Дар кори раёсати ҷаласаи Шуро муовини Раиси шаҳр Шарифҷони Саидраҳмон, раиси КИ ҲХДТ дар шаҳри Гулистон Бахтиёр Каримов, аъзои Шурои собиқадорони вилоят Шарифҷон Азизов ва раиси Шурои собиқадорони ҷанг ва меҳнати шаҳри Гулистон Каромат Қосимова иштирок намуданд.













