Бо мақсади таъмини иҷрои Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 19 феврали соли 2025, №967 “Дар бораи ба эҳтиёт рухсат додани хизматчиёни ҳарбие, ки муҳлати муқарраргардидаи хизмати ҳарбиро адо намудаанд ва даъвати навбатии шаҳрвандони солҳои таваллуди 1998-2007 Ҷумҳурии Тоҷикистон ба хизмати ҳарбӣ”, қарори дахлдори Раиси вилояти Суғд "Дар бораи даъвати шаҳрвандони солҳои таваллудашон 1998-2007 ба хизмати ҳарбӣ дар моҳҳои апрел-майи соли 2025" ва қарори раиси шаҳри Гулистон, баҳри иҷрои сифатноки нақшаи даъват дар шаҳр чораҳои зарурӣ андешида шуд.
Роҳандозии тадбирҳои судманд ва ба роҳ мондани корҳои тарғиботиву ташвиқотӣ, анҷом додани мулоқоту вохӯриҳо бо насли ҷавон ва волидайни онҳо, баргузории силсилаи чорабиниҳои маърифатӣ, фарҳангӣ ва варзишӣ, рӯзи дарҳои кушод дар қисмҳои ҳарбӣ ва дигар чорабиниҳои ҳадафманд имкон дод, ки шаҳри Гулистон санаи 16 апрели соли ҷорӣ, нақшаи босифати даъвати навбатии шаҳрвандони солҳои таваллуди 1998-2006 Ҷумҳурии Тоҷикистон ба хизмати ҳарбиро ба пуррагӣ иҷро намояд.






Имрӯз, 17.04.2025 тибқи барқияи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд аз 10.04.2025 дар толори хурди мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр рӯзи ягонаи ахбори сиёсӣ дар мавзуи “Илму маърифат сарчашмаи саодати инсон” дар партави эълон гардидани солҳои 2025-2030 “Солҳои рушди иқтисоди рақамӣ ва инноватсия” бо аҳли ҷамоатчигии шаҳр вохӯрӣ баргузор карда шуд.
Санаи 16.04.2025 дар толори хурди мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр ҷаласаи ҷамъбастии натиҷаҳои семоҳаи аввали рушди иқтисодиву иҷтимоии шаҳр баргузор карда шуд.
Санаи 15.04.2025 тибқи нақшаи муштараки сохторҳои МИҲД шаҳри Гулистон дар толори МТМУ №6 Ҷамоати шаҳраки Зарнисор бо ҷалби ҷавонон ва волидайни онҳо дар мавзуи “Пешгирии падидаҳои номатлуб дар ҷомеа ва масъулият дар таълиму тарбияи кӯдак сармоягузорӣ ба хотири фардост” хониши сиёсӣ баргузор карда шуд.
Санаи 14 апрели соли 2025 вохӯрии Раиси шаҳри Гулистон Илҳом Пӯлотзода бо донишҷӯёни шуъбаҳои рӯзонаи муассисаҳои таҳсилоти олӣ ва миёнаи касбии маркази вилоят дар МД “Қасри ҷавонон ба номи Лоиқ Шералӣ” баргузор карда шуд.













