Даври ҷамъбастии Озмуни ҷумҳуриявии «Кадбонуи беҳтарин» бо ташаббуси Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар якҷоягӣ бо вазорату идораҳои дахлдори давлатӣ, мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ дар пойтахти мамлакат шаҳри Душанбе доир гардида, дар он муовини Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Мансурӣ Дилрабо ва раиси Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Файзиддинзода Бунафша, сокинону меҳмонони дохилу хориҷи мамлакат, роҳбарону намояндагони вазорату идораҳо, ташкилоту муассисаҳо, беҳтарин кадбонуҳои ВМКБ, вилоятҳои Суғду Хатлон, шаҳри Душанбе, шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ ва ноҳияҳои минтақаи Рашт иштирок намуданд.
Озмуни мазкур дар асоси “Ҷадвали баргузории ҷашну солгард, фестивалу намоиш, иду озмунҳои фарҳангию маърифатӣ ва анъанаю ҳунарҳои мардумӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2025” дар се давр:
- даври якум дар сатҳи шаҳру ноҳияҳо бо муайян намудани кадбонуҳои беҳтарин аз маҳаллаҳо, деҳа, деҳот, шаҳраку ҷамоатҳо, шаҳру ноҳияҳо;
- даври дуюм дар сатҳи вилоятҳо, шаҳри Душанбе ва шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ роҳандозӣ гардида,
- даври ҷамъбастии озмун дар шаҳри Душанбе баргузор гардид.






Дар Ҷамоати шаҳраки Адрасмони шаҳри Гулистон дар доираи сафари корӣ иҷрокунандаи вазифаи Раиси шаҳр Илҳом Пӯлотзода 2 нафар собиқадорони меҳнат - Холматова Маърифат собиқадори соҳаи тиб,
Санаи 09.04.2025 иҷрокунандаи вазифаи Раиси шаҳри Гулистон Илҳом Пӯлотзода ба шаҳраки Адрасмон сафари корӣ доир намуд ва аз фаъолияти як қатор муассисаҳои тиббӣ ва корҳои бунёдкорӣ дар шаҳрак дидан намуд. Нахуст дар деҳаи Гулдараи шаҳраки Адрасмон бо бунёди майдончаи варзишии замонавӣ барои бозии футбол шинос гардид, ки аз ҷониби соҳибкори маҳаллӣ бунёд гардида истодааст. Зикр карда шуд, ки дар шаҳраки Адрасмони шаҳр 1 варзишгоҳ, 6 толори варзишӣ ва 9 майдончаи варзишӣ мавҷуд аст, ки сокинон аз онҳо васеъ истифода мебаранд. Бунёди майдончаи варзишии мазкур барои сокинони деҳаи Гулдара шароити мусоид барои машғул гардидан ба варзишро муҳайё менамояд.
Бо мақсади сазовор истиқбол гирифтани 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Гулистон корҳои ободониву созандагӣ, сохтмон ва навсозии иншооти ҷашнӣ бомаром идома дорад.
Имрӯз, 07.04.2025 тибқи нақшаи кории бахши кор бо ҷавонон ва варзиши шаҳр дар МТМУ №8 Ҷамоати шаҳраки Сирдарёи шаҳри Гулистон бо ҷавонон доир ба “Нақши Пешвои миллат дар ҳалли масъалаҳои байналмилалӣ ва таҳкими дӯстиву сулҳофаринӣ” вохӯрӣ баргузор карда шуд.















