Матни равон

Ҳамшаҳриёни гиромӣ!

Оила дар фарҳанги куҳанбунёди тоҷик ҳамчун ниҳоди муқаддас эътироф гардидааст, зеро беҳтарин арзишҳои инсонӣ, аз қабили муҳаббату садоқат, самимияту вафодорӣ ва ҳамдигарфаҳмиву таҳаммулгароӣ маҳз дар оила ташаккул меёбад. Оила асоси ҷомеа, муҳимтарин ячейкаи ҷамъияту давлат мебошад.

Асосгузори сулҳу ваҳдати  миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид намудаанд, ки: «Масъалаҳои маърифати оиладорӣ, баланд бардоштани масъулияти падару модарон дар таълиму тарбияи фарзанд, омода кардани фарзандон ба ҳаёти мустақилона ва пойдории оила аз ҷумлаи проблемаҳое мебошанд, ки диққати доимии тамоми мақомоти давлатӣ, муассисаҳои таҳсилотӣ ва кулли аъзои ҷомеаро тақозо мекунад».

Соли равон дар шаҳри Гулистони вилояти Суғд 6 коргоҳу корхонаи нави саноатӣ мавриди баҳрабардорӣ қарор дода мешавад.

Дар раванди бунёду ба кор даровардани коргоҳу корхонаҳои истеҳсолӣ саҳми соҳибкорону сармоягузорон бештар аст.

Имрӯзҳо дар минтақаи саноатии шаҳр корҳои бозсозӣ дар корхонаи истеҳсоли масолеҳи металлии ҶДММ “Маҳмуд ва КО” бо маром идома дорад.

Дар ин корхона арматура ва секунҷаю чоркунҷаҳои металлӣ, ки дар сохтмони бинову иншооти гуногун, махсусан биноҳои бисёрошёна масолеҳи асосӣ ба шумор меравад, истеҳсол карда мешавад.

Тавре зимни шиносоии Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода иттилоъ дода шуд, барқарорсозии корхонаи мазкур бо маблағгузории соҳибкорони Ҷумҳурии Ӯзбекистон амалӣ гардида, бо мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифтани он бештар аз 300 нафар бо ҷойи кор таъмин мешаванд ва муҳимтар аз ҳама вобастагии бозори дохилӣ аз масолеҳи воридотӣ коҳиш меёбад.

Имрӯз, 14.05.2024 Раиси шаҳри Гулистон Раъно Ҳошимзода аз ҷараёи фаъоляти ҶДММ “Ширкати кӯҳӣ-саноатии Тоҷикистону Хитой” боздид намуд.

Дар аснои боздид Раиси шаҳр Раъно Ҳошимзода ба масъулин доир ба дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода, ҷиҳати вусъат бахшидани истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ ва истифода намудани пурраи имкониятҳо дар ҷараёни фаъолият  таъкид намуд.

Ба масъулин дастур дода шуд, ки ҷиҳати таъмини уҳдадориҳои истеҳсолӣ фаъолияти мунтазам намуда, бо мақсади таъмини нақшаи фаъолият дар давраҳои ҳисоботӣ тадбирҳои зарурӣ андешанд.

Дар толори қасри фарҳанги шаҳраки Адрасмони шаҳр чорабинии тантанавӣ бахшида ба Рӯзи оила  баргузор гардид.

Дар чорабинии мазкур мудири бахши кор бо занон ва оилаи МИҲД-и шаҳр Матлуба Сатторова, мудири бахши кор бо ҷавонон ва варзиши шаҳр Аҳлиддин Абдураҳмонов, мутахассиси татбиқи забон дар МИҲД-и шаҳр Фаридуншоҳ Абдуллоев, мутахассиси бахши кор бо ҷавонон ва варзиши шаҳр Замира Исматзода ва раиси Ҷамоати шаҳраки Адрасмон Сарҳад Баротзода иштирок намуданд.

Мудири бахши кор бо занон ва оилаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр Матлуба Сатторова номаи табрикотии Раиси шаҳри Гулистон Раъно Ҳошимзодаро ба самъи иштирокдорон расонид. Зикр карда шуд, ки оила дар фарҳанги куҳанбунёди тоҷик ҳамчун ниҳоди муқаддас эътироф гардидааст, зеро беҳтарин арзишҳои инсонӣ, аз қабили муҳаббату садоқат, самимияту вафодорӣ ва ҳамдигарфаҳмиву таҳаммулгароӣ маҳз дар оила ташаккул меёбад. Асосгузори сулҳу ваҳдати  миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид намудаанд, ки: "Масъалаҳои маърифати оиладорӣ, баланд бардоштани масъулияти падару модарон дар таълиму тарбияи фарзанд, омода кардани фарзандон ба ҳаёти мустақилона ва пойдории оила аз ҷумлаи проблемаҳое мебошанд, ки диққати доимии тамоми мақомоти давлатӣ, муассисаҳои таҳсилотӣ ва кулли аъзои ҷомеаро тақозо мекунад".

Дар доираи моҳвораи ҷавонон баҳри дастгирии хонандагону ҷавонони болаёқат ва ҳавасманд гардонидани онҳо қарори Раиси шаҳри Гулистон доир ба баргузории озмуни Стипендияи Раиси шаҳри Гулистон барои соли хониши 2023-2024 аз 23.04.2024, №118 ба тасвиб расидааст.

Бо ин мақсад санаи 11.05.2024, дар толори муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №1-и маркази шаҳр озмуни Стипендияи Раиси шаҳри Гулистон барои соли хониши 2023-2024 миёни хонандагони синфҳои  8, 9 ва 10 -и муассисаҳои таълимии шаҳр баргузор гардид. Озмунро мудири бахши кор бо ҷавонон ва варзиши шаҳр Аҳлиддин Абдураҳмонов ҳусни ифтитоҳ бахшид. Хонандагон аз фанҳои забони давлатӣ, забони англисӣ, забони русӣ, математика ва технологияи иттилоотӣ тест супорида, аз фанҳои забони давлатӣ ва забони русӣ низ диктант навиштанд. Пас аз баҳогузории ҳайати ҳакамони озмун ғолибон муайян гардиданд.

Аз теъдоди умумии довталабон 35 нафари онҳо соҳиби Стипендияи Раиси шаҳр гардиданд. Ғолибон дар доираи баргузории чорабиниҳои  моҳвораи ҷавонон бо шаҳодатномаи Стипендияи Раиси шаҳр ва маблағҳои пулии муқарраргардида сарфароз гардонида мешаванд.

Сомонаҳои расмӣ



Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон


МИҲД вилояти Суғд


АМИТ "Ховар"

МУРОҶИАТ БА РАИС!

+992300000018

+992300000018

Эълонҳо

  • 1
  • 2
  • 3
  • 4
  • 5

Диққат! Озмун!

Диққат! Озмун!

Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Гулистон барои ишғоли мансабҳои холии маъмурии хизмати давлатӣ озмун эълон...

04 Дек 2024

ДИҚҚАТ! ОЗМУН!

ДИҚҚАТ! ОЗМУН!

Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Гулистон барои ишғоли мансабҳои холии маъмурии хизмати давлатӣ озмун эълон...

24 Апр 2024

Диққат! Озмун!

Диққат! Озмун!

Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Гулистон барои ишғоли мансабҳои холии маъмурии хизмати давлатӣ озмун эълон...

25 Апр 2022

Диққат! Озмун!

Диққат! Озмун!

Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Гулистон ба мансабҳои холии маъмурии хизмати давлатӣ озмун эълон менамояд ...

04 Ноя 2021

Боздошти гурӯҳи қочоқчиёни маводи мухаддир / Ахбори Точикистон

Боздошти гурӯҳи қочоқчиёни маводи мухаддир / Ахбори Точикистон   https://youtu.be/ZH0ryjEAOyE

28 Ноя 2019

Мо дар Фейсбук

Ташрифкунандагон


mod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_counter
mod_vvisit_counterИмрӯз:1870
mod_vvisit_counterРӯзи гузашта:14686
mod_vvisit_counterҲамин ҳафта:16556
mod_vvisit_counterҲафтаи гузашта:16310
mod_vvisit_counterҲамин моҳ:53007
mod_vvisit_counterМоҳи гузашта:50757
mod_vvisit_counterҲамагӣ:8262519

Райъпурсӣ

Сомона чи хел аст?