Субҳи имрӯз, 1-уми сентябри соли 2025 Раиси шаҳри Гулистон Илҳом Пӯлотзода, намояндаи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд, сардори Сарраёсати Хадамоти назорати давлатии тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ дар вилояти Суғд Алимат Мавлонзода ва муовини роҳбари гурӯҳи кории ҷумҳуриявӣ бахшида ба Ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатӣ, сардори Раёсати Агентии таъминоти амволи махсуси назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Суғд Иззатулло Убайдзода дар маросими баргузории Рӯзи дониш ва Дарси сулҳ дар МТМУ №8-и шаҳраки Сирдарёи шаҳри Гулистон иштирок ва суханронӣ намуданд.
Раиси шаҳри Гулистон Илҳом Пӯлотзода хонандагону омӯзгоронро таҳният гуфта, иброз дошт, ки давлати соҳибистиқлоли мо дар партави сиёсати маорифпарваронаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон пайваста ба инкишофи илму маърифат, такомули раванди таълиму тарбия ва баланд бардоштани сатҳи маънавиёти ҷавонон ғамхорӣ зоҳир менамояд.






Муҳтарам омӯзгорон, хонандагон ва донишҷӯёни гиромӣ!
Дастгирии қишри ниёзманди ҷомеа яке аз самтҳои асосии сиёсати иҷтимоии давлат маҳсуб ёфта, тибқи дастуру супоришҳои доимии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Гулистон бахшида ба иду ҷашнҳои давлатӣ ва суннатӣ ба онҳо пайваста кумакҳои модиву молиявӣ мерасонад.
Санаи 29.08.2025 дар ФМД "Маркази рушди ҳунармандӣ ва малакаҳои касбии муосир" дар шаҳр бо иштироки бонувони ҳунарманд семинар баргузор гардид.
Аз 26.08.2025 то 28.08.2025 дар Муассисаи давлатии "Маркази таҳсилоти иловагӣ"-и шаҳри Гулистон машғулиятҳои курси кутоҳмуддати «Зан сарвар» ҷараён гирифт. Шунавандагони курс машғулиятҳоро аз рӯйи нақша фаро гирифтанд.













