Имрӯз, 05.03.2024 тибқи нақшаи кории мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр дар толори муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №1-и маркази шаҳр бо хонандагони синфҳои 7-11 вобаста ба эълон гардидани соли 2024 ҳамчун “Соли маърифати ҳуқуқӣ”, пешгирии шомилшавии ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои ифротгаро, роҳ надодан ба таълимоти ғайрирасмии динӣ ва тақвият бахшидани ҳисси худшиносию худогоҳӣ ва ватандӯстӣ дар ҷомеа вохӯрӣ баргузор гардид.
Дар вохӯрии мазкур ҳайати гурӯҳи тарғиботии шаҳр намояндаи шуъбаи маориф Ҳайдаров Алишер, шуъбаи кор бо ноболиғони ШВКД-и дар шаҳр Содиқзода Рухшона, намояндаи муассисаи кумаки аввалияи тиббию санитарии шаҳр Бобокалонов , сармутахассиси ҳифзи ҳуқуқи кӯдак Сатторова Матлуба ва мудири бахши кор бо ҷавонон ва варзиш Абдураҳмонов Аҳлиддин иштирок ва суханронӣ намуданд.
Таъкид карда шуд, ки ҳаёт ба сар бурдан дар раванди босуръати ҷаҳонишавӣ ва ҳаводиси ҷаҳони муосир аз шахс масъулияти бузургро талаб менамояд, зеро рушди бемайлони илму технология метавонад инсонҳоро бо ҳам наздиктар намуда, дар миёни онҳо афкори гуногунро ба вуҷуд орад, ки на ҳамаи унсурҳои он барои ҷомеаи мо манфиатовар аст.