Тибқи мактуби Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 26 июни соли 2025, №1/(1)-228, вобаста ба иҷрои қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 27 апрели соли 2022, №204, «Дар бораи Барномаи давлатии тарбия, интихоб ва ҷобаҷогузории кадрҳои роҳбарикунанда аз ҳисоби занону духтарони болаёқат барои солҳои 2023–2030», инчунин тибқи ҷадвали тасдиқнамудаи муовини раиси вилояти Суғд аз 19 августи соли 2025, санаи 21 август дар толори хурди Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Гулистон лаври шаҳрии озмуни ҷумҳуриявии «Беҳтарин хизматчии давлатӣ аз ҳисоби занон» ташкил ва баргузор гардид, ки дар он хизматчиёни давлатӣ — бонувони соҳаву касбу кори гуногун фаъолона ширкат варзиданд.
Муовини Раиси шаҳри Гулистон Муслимахон Ҷамолиён кори озмунро ифтитоҳ намуда, ҳадафу мароми онро бори дигар хотиррасон карда, ба иштирокчиён муваффақият таманно намуд.
Сипас, озмун тибқи талаботи муқарраргардида ҷараён гирифт.






22-юми августи соли 2025 тибқи нақшаи баргузории вохӯриҳои КИ ҲХДТ дар шаҳри Гулистон ва нақшаи муштараки сохторҳои дахлдори шаҳри Гулистон ҷиҳати баргузории вохӯриҳо бо усули “маҳал ба маҳал” ва “деҳа ба деҳа” дар шаҳраки Консой бо сокинон вохӯрӣ баргузор карда шуд.
Бо мақсади иҷрои дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати милӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон гурӯҳи кории мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр дар ҳайати муовини Раиси шаҳр Муслимахон Ҷамолиён, раиси КИ ҲХДТ дар шаҳри Гулистон Бахтиёр Каримов, мудири шуъбаи Агентии меҳнат ва шуғли аҳолӣ дар шаҳри Гулистон Бахтовар Ҷӯразода, котиби мақомоти васояти парасторӣ Мадина Каримова аз вазъи омодагии муассисаҳои таълимии №3-и шаҳраки Консой ба соли нави хониш дидан намуданд.
Тибқи барқияи ҳукуматӣ 22-юми августи соли 2025 бо мақсади иҷрои дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати милӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки дар маҷлиси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон 31-уми июли соли 2025 баён доштанд муовини роҳбари гурӯҳи корӣ доир ба Ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, сардори Раёсати Агентии таъминоти амволи махсуси назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Суғд, полковник Иззатулло Убайдзода аз ҷараёни корҳои бунёдкорӣ ба истиқболи Ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатӣ аз рафти корҳои бунёдкории ҶДММ “Тиглат” дидан намуд.
Дар толори мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр ба муносибати Рӯзи кормандони хадамоти ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи гражданӣ чорабинии тантанвӣ баргузор гардид.














