Санаи 21.08.2025 дар толори мактаби санъати маркази шаҳр миззи мудаввар таҳти унвони «Пешбурди Конвенсияи СММ дар бораи ҳуқуқи маъюбон» баргузор карда шуд.
Дар чорабинии мазкур муовини Раиси шаҳри Гулистон Муслимахон Ҷамолиён, намояндаи Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Саида Иноятова, роҳбари ассотсиатсияи волидони кӯдакони имконияташон маҳдуд Сабоат Ҳакимзода, роҳбари ташкилоти ҷамъиятии Иттиҳодияи маъюбон "Меҳрбахш" Холмаҳмад Тенгинев ва дигарон иштирок ва суханронӣ намуданд.
Зикр карда шуд, ки масъалаҳои ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, ба хусус маъюбон яке аз самтҳои муҳим ва афзалиятноки сиёсати пешгирифтаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба шумор рафта, таҳти сарварии Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мунтазам ҷиҳати дастгирии табақаҳои осебпазири аҳолӣ тадбирҳои судманд ва созанда анҷом дода мешаванд.






Имрӯз, 20-уми августи соли 2025 дар толори Кохи фарҳангии “Истиқлол”-и маркази шаҳр машварати августии кормандони соҳаи маорифи шаҳр баргузор гардид. Дар кори машварат Раиси шаҳри Гулистон Илҳом Пӯлотзода, намояндаи Раёсати маорифи вилояти Суғд Фирӯза Абдувоҳидзода ва инчунин муовинони Раиси шаҳр, мудирони шуъбаву бахшҳои дахлдори мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр, раиси КИ ҲХДТ дар шаҳр, роҳбарият ва кормандони шуъбаи маориф, директорони муассисаҳои таълимӣ ва томактабӣ, омўзгорону мураббиён ва дигар масъулон иштирок намуданд.
Имрӯз, 19.08.2025 муовини Раиси шаҳр Муслимахон Ҷамолиён аз муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии №1, 14 ва гимназияи №1-и маркази шаҳр ва муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №8-и шаҳраки Сирдарё ҷиҳати омодагӣ ба соли нави хониши 2025-2026, пурра аз таъмир баровардани муассисаҳо, таъмини хонандагон бо либоси ягонаи мактабӣ ва омодагӣ ба давраи тирамоҳу зимистони солҳои 2025-2026 дидан намуд.
Санаи 18.08.2025 Клуби футболи "Гулистон"-и шаҳри Гулистон дар доираи даври дувоздаҳуми Лигаи дуюми Чемпионати Тоҷикистон оид ба футбол дар минтақаи Суғд КФ "Хистеварз"-и ноҳияи Бобоҷон Ғафуровро дар майдони худ қабул намуд.
Ҷиҳати иҷрои нақшаи чорабиниҳои Комиссияи амалисозии Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон” дар шаҳри Гулистон барои соли 2025 ва нақшааи чорабиниҳои “Барномаи рушди забони давлатӣ барои солҳои 2020-2030” дар шаҳри Гулистон аъзои Комиссия – Умеда Комилова сармутахассиси шуъбаи рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеаи дастгоҳи Раиси шаҳр, Сайҳуна Шарифзода мутахассиси пешбари шуъбаи рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеаи дастгоҳи Раиси шаҳр ва Фаридуншоҳ Абдуллоев мутахассиси татбиқи забон дар Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Гулистон рафти иҷрои Комиссия ва Барномаро дар бахши сабти асноди ҳолати шаҳрвандӣ ва беморхонаи марказии шаҳр аз назар гузарониданд.















