Санаи 20.07.2025 тибқи нақшаи кории Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр намояндагони ҷомеаҳои меҳнатии корхонаву муассисаҳо, ташкилоту идораҳо, кормандони соҳаҳои тандурустӣ, маориф, фарҳанг дар маркази шаҳр ба шанбегӣ баромаданд.
Гулистониён тибқи дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар боби ободу зебо гардонидани маҳалли зист, хиёбонҳо, гулгашту майдонҳо, кӯчаҳо ва маҳалли зист корҳои мушаххас роҳандозӣ менамоянд.
Дар шанбегии имрӯза аҳли ҷомеаи меҳнатии шаҳр шафати роҳи асосӣ, атрофи корхонау муассиса ва хиёбону гулгаштҳоро аз хасу хошок ва алафҳои бегона тоза намуданд.
Мақолаҳои боқимонда...
- Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон Муассисаи таҳсилоти томактабии «Гулистон»-ро дар деҳаи Сангистони ноҳияи Айнӣ ба истифода доданд
- Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Айнӣ гулгашт ва муҷассамаи Шоири халқии Тоҷикистон Гулназар Келдиро ифтитоҳ намуданд
- Сафари кории Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон ба вилояти Суғд аз ноҳияи Айнӣ оғоз ёфт






Имрӯз, 16.07.2025 дар тарабхонаи "Манижа"-и маркази шаҳр даврии шаҳрии озмунҳои ҷумҳуриявии "Беҳтарин ҳамсар" ва "Беҳтарин оилаи ҳунарманд", "Хушдомани беҳтарин", "Фарзанд боғи падару модар", ки бо ташаббуси Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо иштироки намояндагон аз маркази шаҳр ва ҷамоати шаҳракҳо баргузор гардид.
Тибқи нақшаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр дар беморхонаи марказии шаҳр бо иштироки бонувон вохӯрӣ доир карда шуд. Дар вохӯрии мазкур Матлуба Сатторова мудири бахши занони МИҲД-и шаҳр, Мадина Каримова сармутахассиси ҳифзи ҳуқуқи кӯдак, Пӯлодиён Гулсанам муовини сардухтур ва Ганҷина Ғаниева сарҳамшираи беморхонаи марказӣ иштирок ва суханронӣ намуданд.
Имрӯз, 14.07.2025 тибқи нақшаи баргузории маҷлисҳои ҷамъбастӣ дар толори калони мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр маҷлиси фаъолон доир гардид, ки дар он натиҷаҳои рушди иҷтимоию иқтисодии шаҳр дар шаш моҳи соли ҷорӣ натиҷагирӣ карда шуд.
11 июл Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон баъди ифтитоҳи як қатор иншоот дар маркази шаҳри Панҷакент бо роҳбарону фаъолон мулоқот намуданд.















