Имрӯз Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо як қатор кадрҳое, ки ба вазифаҳои роҳбарикунанда дар сохтору воҳидҳои Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон таъйин гардиданд, суҳбат намуданд.
Ҳамин тавр сардорони шуъбаҳои Вазорати корҳои дохилӣ дар 23 шаҳру ноҳияҳои мамлакат иваз карда шуданд.
Сардорони шуъбаҳои Вазорати корҳои дохилӣ дар шаҳри Норак, ноҳияҳои Кушониён, Дӯстӣ, Шамсиддини Шоҳин, Данғара, Панҷ, Восеъ ва Муъминободи вилояти Хатлон аз ҳисоби кадрҳои ҷавону ботаҷриба ва дорои дараҷаи тахассуси баланд таъйин гардиданд.