Дар мавзӯи «Ҳифзи Ватан - қарзи шаҳрвандии мост» дар ҳудуди шаҳр дар 43 корхонаву муассиса, идораву ташкилотҳои ҳудуди шаҳр ва ҷамоати шаҳракҳо бо намояндагони соҳаҳои гуногуни хоҷагии халқ ва иштироки васеи ҷомеаҳои меҳнатӣ Рӯзи ягонаи ахбори сиёсӣ баргузор гардид.
Дар баргузории хониши сиёсӣ тарғиботчиёни мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд Абдуманнон Одинаев номзади илмҳои филология, устоди Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров, Хуршед Назаров номзади илмҳои иқтисод, дотсенти кафедраи назарияи иқтисодии Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон, Хиромон Қодирова мутахассиси шуъбаи кор бо сомона ва васоити ахбори оммаи Донишкадаи политехникии Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи Муҳаммад Осимӣ дар шаҳри Хуҷанд иштирок намуда, якҷоя бо тарғиботчиёни маҳаллӣ ва кормандони мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр доир ба мавзӯи Рӯзи ягонаи ахбори сиёсӣ дар маркази саломатӣ, МТМУ №1 ва ҷамоати шаҳраки Сирдарё баромадҳо карданд.
Мақолаҳои боқимонда...
- Ғолибонро маҳкум намекунанд (Ҷавоб ба ҳалқаҳои ифротӣ вобаста ба бозгашти бовиқори Гадоев Шарофиддин)
- Табрикоти иҷрокунандаи вазифаи Раиси шаҳри Гулистон Фирдавс Шарифзода ба муносибати Рӯзи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон
- Иштироки Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар Ҷаласаи XIX Шӯрои машваратӣ оид ба беҳтар намудани фазои сармоягузорӣ