16 июн дар Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе маросими гусели Раиси Ҷумҳурии Мардумии Чин Си Ҷинпин баргузор гардид.
Ба хотири гусели меҳмони воломақом майдони фурудгоҳ идона ороста шуда буд.
Қабл аз маросими гусел дар толори пазироии меҳмонон мулоқоти хоса ва гарму самимии Сарони давлатҳо муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва муҳтарам Си Ҷинпин доир гашт.
Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Си Ҷинпин ва ҳайати расмии кишвари Чин барои иштироки фаъол дар Ҳамоиши панҷуми Машварати ҳамкорӣ ва тадбирҳои боварӣ дар Осиё ва идомаи талошҳои созанда баҳри таъмиқи муносибатҳои дӯстӣ, ҳамкорӣ ва ҳамсоягии наку, изҳори сипос карданд.
Раиси Ҷумҳурии Мардумии Чин Си Ҷинпин дар навбати худ ба Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои пазироӣ ва меҳмоннавозии хоси тоҷикона изҳори сипос карда, ба баргузории ҳамоиши панҷуми Машварати ҳамкорӣ ва тадбирҳои боварӣ дар Осиё дар давраи раёсати Ҷумҳурии Тоҷикистон баҳои баланд доданд.
Мақолаҳои боқимонда...
- Шоми дӯстӣ ба ифтихори иштирокчиёни Ҳамоиши панҷуми Машварати ҳамкорӣ ва тадбирҳои боварӣ дар Осиё
- Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо Президенти Федератсияи Россия Владимир Путин мулоқот карданд
- Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев мулоқот карданд






15.06.2019, шаҳри Душанбе
Нимаи дуюми рӯзи 14 июн дар Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Раиси Ҷумҳурии Мардумии Чин Си Ҷинпинро, ки бо сафари давлатӣ ва ҷиҳати иштирок дар Ҳамоиши панҷуми Машварати ҳамкорӣ ва тадбирҳои боварӣ дар Осиё ба Тоҷикистон ташриф овард, гарму самимӣ истиқбол гирифтанд.
15 июн дар Қасри миллат Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ҳошияи Ҳамоиши панҷуми Машварати ҳамкорӣ ва тадбирҳои боварӣ дар Осиё бо Президенти Ҷумҳурии Исломии Эрон Ҳасани Руҳонӣ мулоқот карданд.
15 июни соли 2019 дар пойтахти Тоҷикистон — шаҳри Душанбе Ҳамоиши панҷуми Машварати ҳамкорӣ ва тадбирҳои боварӣ дар Осиё таҳти раёсати Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид.















