Имрӯз Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати иштирок дар Форуми дувуми байналмилалӣ «Як камарбанд-як роҳ» ва намоишгоҳи ЕХРО-2019 ба шаҳри Пекини Ҷумҳурии Мардумии Чин сафар карданд.
Дар фурудгоҳи байналмилалии Душанбе Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмонро Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигар шахсони расмӣ гусел намуданд.
Дар ин сафар Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмонро вазири корҳои хориҷӣ, ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои робитаҳои хориҷӣ, вазирони рушди иқтисод ва савдо, кишоварзӣ, Президенти Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, раиси Кумитаи андоз, директори Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигар шахсони расмӣ ҳамроҳӣ мекунанд.






Тибқи қарори Раиси шаҳри Гулистон «Дар бораи муқаррар намудани Стипендияи Раиси шаҳри Гулистон барои хонандагони фаъоли муассисаҳои таълимии шаҳр» дар МД “Маркази таҳсилоти иловагӣ” озмуни шаҳрӣ баргузор гардид.
Бо ибтикори кумиҷроияи шаҳрии ҲХДТ дар толори бахши муҳити зисти шаҳри Гулистон бо иштироки раисони ташкилотҳои ибтидоӣ, фаъолзанони ҳизбӣ, собиқадорон мизи мудаввар таҳти унвони “Нақши бонувони ҳизбӣ дар даврони истиқлолият доир гардид. Мизи мудавварро раиси кумиҷрояи ҲХДТ дар шаҳри Гулистон Муслимахон Ҷамолиён бо сухани ифтитоҳӣ оғоз намуд. Сипас мудири шуъбаи кор бо занони кумиҷроияи вилоятии ҳизб Фирӯзахон Раҳимӣ доир ба нақши бонувони ҳизбӣ дар татбиқи ҳадафу ғояҳои созандаи ҲХДТ ҳарф зад.
Дар боғи фарҳангӣ-фароғатии ба номи Камоли Хуҷандии шаҳри Хуҷанд бо ибтикори Кумитаи иттифоқи касабаи кормандони маориф ва илми вилояти Суғд озмунҳои варзишии "Шоҳмот" ва "Шашка" байни бонувони омӯзгори 15 шаҳру ноҳияҳои вилояти Суғд ташкил ва гузаронида шуд.














