Баъди анҷоми мулоқоту гуфтушунидҳо маросими имзои санадҳо баргузор шуд.
Зери Изҳоротии муштараки Сарони давлатҳо Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Президенти Федератсияи Россия муҳтарам Владимир Путин имзо гузоштанд.
Дар ҳузури сарони давлатҳо 17 санади нави ҳамкорӣ ба имзо расид, аз ҷумла:
— Созишномаи ҳамкории КВД “Ширкати Аллюминии тоҷик” ва Бонки ВТБ;
— Ёддошти тафоҳуми ҳамкорӣ байни Кумитаи миллии олимпии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Кумитаи олимпии Россия;
— Ёддошти тафоҳум оид ба ҳамкории илмӣ байни Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Академияи илмҳои Федератсияи Россия;






17 апрел мулоқоту музокироти сатҳи олии Тоҷикистону Россия дар доираи сафари расмии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Федератсияи Россия дар Қасри Кремл баргузор шуд.
Дар толори мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр ҷаласаи навбатии Шӯрои ҳамоҳангсозии мақомоти ҳифзи ҳуқуқ бо иштироки аъзои Шӯро, мудирони шуъбаву бахшҳои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр, раисони ҷамоати шаҳракҳо, кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, раисони маҳаллаҳо, кормандони соҳаи тандурустӣ ва маориф, соҳаи коммуналӣ ва хизматрасонӣ баргузор гардид.
Дар маркази фароғатии-фарҳангии «Тоҷикистон»-и шаҳри Хуҷанд озмуни вилоятии «Кадбону беҳтарин» баргузор гардид. Дар он кадбонуҳои гулистонӣ дар ҳайати Ҳалима Орифова, Адиба Бобоҷонова, Шаҳодат Сатторова дастаи шаҳри соҳили «Баҳри тоҷик»-ро бо оростани дасторхони миллӣ муаррифӣ намуданд.
Дар давоми семоҳаи аввали соли 2019 корхонаҳои саноатии шаҳри Гулистон ба маблағи 783 миллиону 493,2 ҳазор сомонӣ маҳсулот истеҳсол намуданд, ки ин нисбати ҳамин давраи соли гузашта бо нархҳои муқоисавӣ 102,3 фоизро ташкил дода, ин нишондиҳанда ба маблағи 17,7 миллион сомонӣ зиёд мебошад. Аз ин 96,3%-и ҳаҷми маҳсулоти истеҳсолгардида ба корхонаҳои саноатӣ тааллуқ дошта, 3,7%-и он ба хизматрасонии пулакӣ ва ба бахши соҳибкорони шаҳр мансуб аст.














