Кӯдакону наврасони азиз!
Боиси ифтихор аст, ки таҷлили Рӯзи кӯдакон дар сарзамини соҳибистиқлоли мо сол аз сол шукӯҳу шаҳомат гирифта, он ба иди умумихалқӣ табдил ёфтааст.
Ғамхорӣ дар ҳаққи кӯдакон барои амалишавии орзуву умедҳои онҳо, дастгирии бачаҳои эҳтиёҷманд, бахусус ятиму бепарастор, дар мадди назар доштани вазъи ҳаёти кӯдакон яке аз самтҳои муҳими фаъолияти мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр ба ҳисоб меравад.
Тибқи дастуру супоришҳо ва ҳидоятҳои ояндасози Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҷаноби Олӣ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳру навоҳии кишварамон садҳо боғчаҳои бачагона, муассисаҳои томактабӣ, ҳазорҳо муассисаҳои таълимии миёна ва умумӣ, омӯзишгоҳу ҳунаристонҳо, даҳҳо мактабҳои олӣ ба таълиму тарбияи насли наврас ва ҷавон машғуланд.
Имрӯз бо итминон метавон гуфт, ки савияи дониш ва малакаву истеъдоди насли наврас дар қиёс бо солҳои пешин ба маротиб афзоиш ёфта, дастовардҳои наврасону ҷавонон дар соҳаи илм, санъат ва варзиш назаррас аст.






Масъалаи баланд бардоштани мақоми зан дар ҷомеа, эҳёи анъанаву ҳунарҳои миллӣ ва меҳнати хонагии занону духтарон, беҳгардонии вазъи иқтисодию иҷтимоии аҳолӣ, таъсиси ҷойи корӣ барои занону духтарон ва ба касбомӯзию шуғли доимӣ фаро гирифта шудани онҳо дар меҳвари сиёсати имрӯзаи Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қарор дода шуда, эҳё ва тарғиби ҳунарҳои миллӣ, аз ҷумла атласу адрасбофии дастӣ, фарҳанги моддӣ ва рӯзгордории халқи тоҷик, қисми таркибии ташаккули ҳисси ватандӯстӣ, ифтихор аз гузаштагон мебошад.
Дар толори бахши муҳити зисти шаҳри Гулистон тибқи ҷадвали тасдиқшудаи Раёсати Агентии давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Суғд, бо мақсади пешгирӣ намудани содиршавии ҷиноятҳои коррупсионӣ ва иқтисодии хусусияти коррупсионидошта дар байни кормандони касбу кори гуногун мизи мудаввар дар мавзӯи “Мубориза бар зидди коррупсия – вазифаи аҳли ҷомеа” баргузор гардид.
29 май Президенти Шӯрои Аврупо Доналд Туск бо сафари расмӣ ба Тоҷикистон ташриф овард.
















