Шоми 21-уми майи соли 2025 дар майдони Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳр чорабинии идона ба муносибати Рӯзи ҷавонони Тоҷикистон бо иштироки Раиси шаҳри Гулистон Илҳом Пӯлотзода, роҳбарони мақомотҳои ҳифзи ҳуқуқ, кормандони мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр, гирандагони Стипендияи Президентӣ, гирандагони Стипендияи Раиси шаҳр, ҷавонони касбу кори гуногун, донишҷӯёни коллеҷи тиббӣ ва дигар сокинону меҳмонони шаҳр баргузор карда шуд.
Раиси шаҳри Гулистон Илҳом Пӯлотзода ба ифтихори Рўзи ҷавонони Тоҷикистон, кулли ҷавонони саодатманди шаҳрро табрику таҳният гуфта, барояшон бахту иқболи нек ва саодати рӯзгорро таманно намуд.
Зикр карда шуд, ки дар партави сиёсати ҷавонпарваронаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон пешбурди сиёсати давлат дар соҳаи ҷавонон аз солҳои аввали соҳибистиқлолӣ яке аз самтҳои афзалиятноки фаъолияти Ҳукумати кишвар эълон гардидааст. Ҳанўз соли 1992 бо дарназардошти аҳамият ва зарурати ташаккули сиёсати ҷавонон Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи сиёсати давлатии ҷавонон»-ро қабул намуд, ки иқдоми зикршуда нишонаи возеҳи таваҷҷуҳи хоссаи Пешвои муаззами миллат ва Ҳукумати кишвар ба табақаи фаъоли ҷомеа, яъне наврасону ҷавонон мебошад.






Санаи 21.05.2025 дар шаҳри Гулистон ба муносибати Рӯзи ҷавонони Тоҷикистон таҳти унвони "Ҷавонон пайравони Пешвои миллат” роҳпаймоӣ доир гардид.
Раиси шаҳри Гулистон Илҳом Пӯлотзода аз ҷараёни корҳои бунёдкорӣ, сохтмони иншоти саноатӣ, аз қабили бунёди корхонаҳои навбунёди саноатӣ дар минтақаи саноатии шаҳр дидан намуд.
Санаи 20.05.2025 дар толори Кохи фарҳангии "Истиқлол"-и маркази шаҳр даври шаҳрии озмуни ҷумҳурияви "Илм - фурӯғи маърифат" оғоз гардид. Дар марҳилаи кушодашавии даври шаҳрии озмун Муслимахон Ҷамолиён муовини Раиси шаҳр, раиси комиссияи озмун иштирок ва суханронӣ намуд.
Бо мақсади иҷрои Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 28 марти соли 2007, №225 "Дар бораи Рӯзи Дави миллӣ", ки ҳамасола якшанбеи сеюми моҳи май дар тамоми қаламрави ҷумҳурӣ барои солимӣ ва оммавияти варзиш эълон гардидааст, субҳи имрӯз, 18.05.2024 дар шаҳри Гулистон маъракаи оммавии варзишии Дави миллӣ ва марафони велосипедронӣ доир гардид.















