Ба ифтихори Рӯзи байналмилалии оила дар Боғи навбунёди “Зардолузор”-и шаҳр бо иштироки 8 оилаи барӯманд чорабинии хотирмон баргузор гардид. Дар чорабинии мазкур оилаҳои собиқаи беш аз 40 сола дошта инчунин оилаи навхона иштирок намуданд.
Оилаи Абдуллоевҳо, Мамадҷоноваҳо, Мирзоқуловҳо ҳарсе аз Гулистон, Бобоҷоновҳо аз Адрасмон, Султоновҳо аз шаҳраки Чоруқдаррон, Юлдошевҳо аз Сирдарё ва Иноятовҳо аз Зарнисор ва Шарофиддиновҳо аз Навгарзан доир ба омилҳои субот ва устувории оила, раванди таълиму тарбия дар оила, буҷети оила ва монанди ин мубодилаи афкор намуданд. Зикр гардид, ки оила асоси пояи ҳар давлату миллат буда, оила адабгоҳ, мактаби ҷовидони тарбияи шахсиятҳои бузург, ватандӯсту ватансоз ва ватандорони бонанг аст.






Тибқи нақшаи чорабиниҳои “Як моҳи ҷавонӣ” дар қисми ҳарбии 45025-и Кумитаи ҳолатҳои фавқулодаи Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон бо иштироки афсарону сарбозон ва ҷавонписарони синни тодаъватии муассисаҳои таълимии маркази шаҳр чорабинии рӯзи “Дарҳои кушод” ба вуқӯъ пайваст. Байни хонандагони муассисаҳои таълимӣ ва аскарон мусобиқаҳои варзишӣ, аз қабили футбол, ҷо ба ҷо кардани тир дар тирдон, волейбол, шашкаву шоҳмот ва турниккашӣ доир гардид. Ҳамзамон ҷавонписарони синни тодаъватӣ бо вазъи буду боши сарбозон ва техникаи ҳарбӣ аз наздик шинос шуданд.
10 май дар Кохи Борбад Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо кормандони мақомоти молия, андоз, гумрук, сармоягузорӣ ва бонкҳои кишвар мулоқот карданд.
9 май Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар чорабинии тантанавӣ ба ифтихори Рӯзи ғалаба, ки дар “Боғи Ғалаба”-и пойтахт баргузор шуд, иштирок ва суханронӣ карданд.
Дар Боғи фароғатӣ-фарҳангии “Темурмалик”-и шаҳри Гулистон ба ифтихори 74-солагии Рӯзи Ғалаба бар фашизм дар Ҷанги Бузурги Ватанӣ чорабинии умумишаҳрӣ дар пояи муҷассамаи «Ёдбуд» бо иштироки заҳматкашони ақибгоҳ, ҷанговарони интернатсионалист, муҳофизони сохти конститутсионӣ, чернобилчиён, сокинони маркази шаҳр, намояндагони ҷамоати шаҳракҳо, корхонаву муассисаҳо, ташкилотҳо ва меҳмонон ба вуқӯъ пайваст.















