КОНСОЙ. Дар толори ҷамоати шаҳрак ва муассисаи таълимии № 3 мулоқоти волидайн бо намояндагони ҷамоати шаҳрак ва комиссариати ҳарбии шаҳр дар мавзӯи “Хизмат дар сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон ифтихори ватандорист” доир гардид.
Дар он комиссари ҳарбии шаҳр майор Ином Мавлонов, раиси ҷамоати шаҳраки Консой Баҳодур Саъдуллоӣ баромад карда, дар натиҷаҳои даъвати тирамоҳӣ ва омодагӣ ба даъвати баҳорона, тартиби ташхиси ҷавонписарони синни даъват ва даъватшавандагон, доир ба хизмати садоқатмандонаи ҷавонписарони консоӣ дар сафи Қувваҳои Мусаллаҳи мамлакат суханронӣ намуданд. Дар мулоқот волидайн ба саволҳои сершумори худ доир ба раванди даъват ба хизмати ҳатмии ҳарбӣ посухҳои қаноатбахш гирифтанд.






Дар маркази фароғатӣ-фарҳангии “Манижа” ба муносибати 30-солагии баровардани қӯшунҳои Иттиҳоди шӯравӣ аз хоки Афғонистон ҷамъомади ботантана баргузор гардид.
Дар толори шуъбаи маорифи шаҳр бо иштироки сармуҳосибон семинар-машварат доир ба тавзеҳи Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ, Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи буҷети давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли 2019” ва масъалаҳои марбут ба андоз ва андозбандӣ баргузор гардид.
Дар толори бахши муҳити зисти шаҳри Гулистон бо иштироки намояндагони ҷамоати шаҳракҳо, корхонаву муассисаҳо ҷаласа оид ба баррасии Барномаи давлатии комплекси рушди тарбия ва маърифати экологии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар давраи то соли 2020 баргузор гардид.















