Дар толори хурди мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Гулистон мулоқоти гурӯҳи кории Кумитаи забон ва истилоҳоти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо сарварии раиси Кумитаи номбурда Гавҳар Шарофзода бо масъулини мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр, аъзои Комиссияи татбиқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон», кормандон ва масъулини бахши сабти асноди ҳолати шаҳрвандӣ, идораи нотариалии шаҳр, котибони ҷамоати шаҳракҳо, роҳбарони ташкилоту идора ва корхонаву муассисаҳои шаҳр баргузор гардид.
Муовини Раиси шаҳри Гулистон Ғайрат Оқилзода ҷамъомадро кушода, иброз дошт, ки забон яке аз рукнҳои давлатдорӣ буда, дар ҳудуди шаҳри Гулистон дар шаш ҷамоати шаҳракҳо, корхонаву муассиса ва идораҳо тибқи талаботи қонун комиссияҳои татбиқи забон фаъолият доранд.






Дар Боғи истироҳатӣ-фароғатии “24-солагии Истиқлолият” -и маркази шаҳри Гулистон дар доираи чорабинии “Як моҳи ҷавонӣ” ва ба ифтихори Рӯзи ҷавонони Тоҷикистон ярмаркаи ҷойҳои холии корӣ бо иштироки 19 корхона, муассиса ва идораҳои шаҳр бо пешниҳоди 231 ҷойи нави корӣ (ҷойҳои холии корӣ) баргузор гардид.
Тибқи нақшаи тасдиқгардида зиёда дар 43 корхонаву муассиса, идораву ташкилотҳои ҳудуди шаҳри Гулистон ва ҷамоати шаҳракҳо бо намояндагони соҳаҳои гуногуни хоҷагии халқ ва иштироки ҷомеаҳои меҳнатӣ хониши сиёсӣ ба роҳ монда шуд.
Дар доираи нақшаи чорабиниҳои “Як моҳи ҷавонӣ” бахшида ба таҷлили Рӯзи ҷавонони Тоҷикистон дар шаҳри Гулистон таҳти унвони “Ҷавонон - пайрави Пешвои миллат” дар Боғи фарҳангии 24-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон чорабинии фарҳангиву фароғатии “Шоми ҷавонӣ” ва аксияи шаҳрии “Мо ҷавонон-зидди ВНМО!”, “Мо ҷавонон амалҳои ифротиро маҳкум менамоем!”, “Ҷавонон ҷонибдори тарзи ҳаёти солим!” баргузор гардид.















