Ҳамшаҳриёни азиз!
Рӯзи 9-уми май ба Ғалабаи бузурги таърихи инсоният ғалаба бар фашизм 74 сол пур мешавад ва ин ҷашнротамоми мардуми сарбаланди кишвар дар радифи дигар сокинони сайёра ботантана қайд мекунанд.
Ҷанги дуюми ҷаҳон аз ҷумлаи фоҷиаҳои бузургтарини таърихи инсоният буд. Дар натиҷаи ин ҷанги хонумонсӯз ва наҷодпарастона кишварҳои бисёре хароб, бештар аз 50 миллион одам қурбон ва садҳо миллион нафар аҳолии мамлакатҳое, ки ба гирдоби ҷанг кашида шуда буданд, ба маҳрумияту азоби тоқатшикан гирифтор гаштанд. Тоҷикистон низ дар ин ҷанг талафоти зиёде дод. Қариб 300 ҳазор нафар фиристодагони тоҷикистонӣ барои дифои Ватан ва шарафу номуси мардуми хеш дар набардҳои мубориза шуҷоат ва корнамоиҳои бузург нишон дода, 92 ҳазор нафарашон дар майдонҳои ҷанг ҳалок гаштанд.






Дар муассисаи давлатии таълимиии томактабии «Парасту»-и шаҳри Гулистон ба ифтихори 74-умин солгарди Рӯзи Ғалаба чорабинии тантанавии «Хотираҳои ҷовидонаи бобоён» ташкил ва баргузор гардид.
Таҳти раёсати Раиси шаҳри Гулистон Фирдавс Шарифзода ҷаласаи навбатии ситоди шаҳрӣ тибқи ҷадвали тасдиқгардидаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд ҷиҳати омодагӣ ба 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон доир гардид.
Дар толори хурди мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр ҷамъомади ботантана ба ифтихори Рӯзи кормандони нозироти андоз баргузор тгардид.
Дар толори бахши фарҳанг Фестивали шаҳрии «Сад ранги чакан» баргузор гардид. Дар озмуни шаҳрӣ беш аз 80 нафар духтарону бонувон бо намоиши куртаи чакан аз рӯи 6 бахш “Беҳтариин либоси қадимаи чакан”, “Беҳтарин либоси кӯдакона», “Беҳтарин либоси рӯзмарра», “Беҳтарин либоси маросимӣ ва идона”, “Беҳтарин либосҳои расмӣ”, “Беҳтарин навъҳои гуногуни сӯзанидӯзӣ» бо пешниҳоди сӯзаниҳо, бо истфодаи рамзу унсурҳои фарҳанги миллӣ, нақшу нигор ва гулҳои рангоранг манзур карда шуданд.















